"Сомон Эйр" бо ширкати ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст

© Foto / Агния Клевко/Хадамоти матбуоти ширкати Сомон-ЭйрСамолёт компании "Сомон Эйр"
Самолёт компании Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Обуна шудан
Ёддошти тафоҳум барои ҳамкориҳои густурда дар умури мусофиркашонӣ миёни раҳбарияти ҷониби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расидааст
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ширкати миллии ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо Оҷонсии нақлиёти ҳавоии Kayan Travel Group аз Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ мекунад.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти ширкати тоҷикӣ хабар доданд.
Ёддошти тафоҳумро мудири кулли ширкати тоҷикӣ Абдулқосим Валиев ва Туркӣ Ал Сайланӣ, раиси ширкати сайёҳии Kayan Travel Group имзо карданд.
Дар доираи ин созишнома ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ роҳандозӣ шаванд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки барои роҳати ҳаракати шаҳрвандоне, ки байни ду кишвар бо ҳадафҳои тиҷоратӣ ва сайёҳӣ, барои эҳтиёҷоти тиббӣ ва таълимӣ сафар мекунанд, робита барқарор кунад.
Самолёт Boeing 737-800 компании Сомон Эйр
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2023
"Сомон Эйр" аз Душанбею Хуҷанд ба Ҷидда парвоз мекунад
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи интиқоли борҳои пешбинишударо низ баррасӣ карданд.
Аз 9 март парвозҳо аз Душанбе ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе - соати 21:50, аз Ҷидда - 02:50 (чоршанбе ва шанбе) ба вақти маҳаллӣ.
То имрӯз ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом додааст. Парки ин ширкат ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 дорад.
Лентаи хабарҳо
0