Бурду бохти муштзанҳои тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

© twitter \ AIBA_BoxingБаходур Усмонов против россиянина Ильи Шакирова
Баходур Усмонов против россиянина Ильи Шакирова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи панҷуми Чемпионати ҷаҳонии бокс дар пойтахти Ӯзбекистон 2 муштзани тоҷик ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, ки дар қисмати шомгоҳӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Рӯзи чоруми чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс миёни мардонро варзишгарони тоҷик бо 2 бохту як пирӯзӣ ҷамъбаст карданд, иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар вазни 48 кило Меҳрон Шафиев аз Кумар Говинди ҳиндӣ ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 91 кило ҳам аз Наренда Нарендаи ҳиндӣ мағлуб гардид.
Таъкид шуд, ки дар вазни 63,5 кило Баҳодур Усмонов бар Муҳаммад Алкасбаи урдунӣ ғалаба карда, ба даври сеюм роҳ ёфт.
Дар рӯзи панҷуми Чемпионати ҷаҳонии бокс 2 варзишгари тоҷик майдондорӣ хоҳанд кард.
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Муштзанҳои тоҷик чемпионати ҷаҳонро бо пирӯзӣ оғоз карданд
Сабқати варзишгарони тоҷик дар қисмати шомгоҳӣ дар назар буда, Давлат Болтаев дар вазни 92 кило муқобили Садам Магомедов аз Сербия ва Асрор Воҳидов дар вазни то 57 кило муқобили Армандо Сигаки аз Мозамбик вориди майдон мешавад.
Аз Тоҷикистон ба чемпионат Меҳрон Шафиев, Меҳроб Ҳамидов, Меҳроҷ Зоидов дар, Асрор Воҳидов, Абубакр Муродзода, Баҳодур Усмонов, Расул Аҳадов, Довуд Маҳкамов, Некрӯз Салимов, Шаббос Негматуллоев, Парвиз Каримов, Давлат Болтаев ва Муҳаммад Аброриддинов сафарбар шуда буданд.
Давоми 4 рӯзи мусобиқа Меҳрон Шафиев дар вазни то 48 кило, Абубакр Муродзода дар вазни 60 кг, Довуд Маҳкамов дар вазни 71 кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни 80 кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кг аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.
Хазинаи ҷоизаи чемпионат, ки феълан идома дорад, беш аз 5 млн долларро ташкил дода, барандаҳои ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра 100 ва барандагони медали биринҷӣ 50 ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0