Путин гуфт Зеленский шармандаи мардуми яҳуд аст

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкВладимир Зеленский. Архивное фото
Владимир Зеленский. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия ба дӯстони яҳудиаш ишора кард ва гуфт, ки ба гуфтаи онҳо Владимир Зеленский шармандаи мардуми яҳудӣ аст
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Санкт-Петербург гуфт, ки дӯстони яҳудиаш раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро шармандаи мардуми яҳудӣ номидаанд.
"Ман аз кӯдакӣ дӯстони зиёди яҳудӣ доштам. Онҳо мегӯянд: "Зеленский яҳудӣ нест, вай шармандаи мардуми яҳудӣ аст", - қайд кард раҳбари Русия.
Владимир Путин таъкид кард, ки Зеленский бо аъмоли худ фаъолияти натсистҳоро рӯйпӯш мекунад.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Путин: Киев дар ҳамлаи ҷавобиаш шонсе ҳам надорад
Қаблан кишвардори Беларус Александр Лукашенко гуфта буд, ки Путин бо Зеленский чӣ гуна муносибат мекунад. Ба гуфтаи президенти Беларус, барои Владимир Путин, Зеленский аҳамияте надорад. Вай инчунин тавзеҳ дод, ки ҳеҷ гуна хашми раисиҷумҳури Русия нисбати раҳбари Украинаро мушоҳида накардааст.
Ахиран таҳлилгари маҷлаи “The Hill” Ҷозеф Боско гуфт, ки раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский метавонад бо президенти Русия Владимир Путин барои наҷоти обрӯи худ музокира кунад.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 14 то 17 июн баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0