Афзоиши шумораи парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” ба Олмон

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ҚирғизистонИстиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Обуна шудан
Бузургтарин ширкати ҳавоии Тоҷикистон эълон кардааст, ки барои наздиктар шудани Душанбе ва Мюнхен парвозҳоро дар ин самт афзоиш хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз афзоиши шумораи парвозҳо дар самти Душанбе-Мюнхен-Душанберо хабар додааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 19-уми июл ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба Мюнхен ва самти бозгашт ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом хоҳад дод.
“Зиёд шудани парвозҳо байни Душанбе ва Мюнхен на танҳо Тоҷикистонро ба кишварҳои Аврупо боз ҳам наздиктар месозад, балки барои мусофирон ба ҳангоми банақшагирии сафар имкониятҳои бештар фароҳам меорад”, - қайд кардааст ширикати мазкур.
Иттилоъ дода шудааст, ки вақти парвоз аз Душанбе - 00:10, аз Мюнхен – 17:00 ба вақти маҳаллӣ буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 сурат мегиранд.
Самолёт компании Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2023
Ширкати "Сомон Эйр" тасмим дорад ба самти Қашғари Чин як масири нави ҳавоӣ боз кунад
Ёдовар мешавем, ки айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон иҷро менамояд.
Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои муосири Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0