Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Амалиёти вижаи низомӣ: баталёни аввали танкҳои Abrams самти маҳвшавӣ ҳаракат дорад

© AFP 2023 / Petras MalukasТанки Abrams армии США 2-й бригады 69-го полка 2-го батальона на железнодорожной станции в Литве
Танки Abrams армии США 2-й бригады 69-го полка 2-го батальона на железнодорожной станции в Литве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Обуна шудан
Давоми 500 рӯзи амалиёти вижа Русия аз Олмон пеш гузашт ва ба иқтисоди 5-уми ҷаҳон табдил ёфт, ки ҷузъи муҳими шикасти стратегии артиши Украина ва НАТО мебошад
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар театри амалиёти ҷангии украинӣ бо силоҳҳои заиф, зиреҳи нокифоя, вазни зиёд ва муҳаррики инҷиқи газӣ-турбинӣ танкҳои кӯҳнаи M1A1 Abrams қодиранд ривоятҳоро бобати нерӯи силоҳи амрикоӣ комилан аз байн баранд.
Пештар дар Ироқ, Яман ва Афғонистон садҳо "Абрамс"-ҳо аз оташи гулӯлаандозҳои сайёри шӯравӣ таркиданд ё аз хумпораҳои худсохти "шӯришгарон" сӯхта, аз кор баромаданд.
Дар Пентагон 7 август дар бораи фиристодани як силсила танкҳои кӯҳнаи аз таъмир баромадаи навъи M1A1 Abrams ба Украина хабар доданд. Қувваҳои мусаллаҳи Украина "Абрамс"- ҳоро бо аслиҳа ва маҷмаи хизматрасониашон то аввали тирамоҳ мегиранд.
Баталони танкии M1A1 Abrams-и намунаи соли 1984 дар ҷабҳа ягон нақшеро нахоҳад бозид. Қӯшунҳои русиягӣ дар 2 моҳи тобистон тақрибан ҳамон миқдор "Леопард”-ҳои олмонии артиши Украина, зиёда аз 400 танки дигар - ҳамагӣ 1780 адад техникаи зиреҳпӯшро нобуд карданд.
Амалиёти вижаи низомии русиягӣ – ин “Тӯфон дар биёбон” (“Буря в пустине”)-и амрикоӣ нест ва кормандони Пентагон ба фармондеҳии украинӣ тавсия доданд, ки “Абрамс”-ҳоро дар дар захира - наздиктар ба “Челленҷер”-ҳои бритонӣ ва “Леклерк”-ҳои фаронсавӣ - нигоҳ доранд. Аз ҳама қулаяш - дар қаламрави Украинаи Ғарбӣ, барои осон намудани тахлилияи танкҳои амрикоии шикасташуда ба Лаҳистон.
Разорванная гусеница и подбитый танк украинской армии у села Гнутово под Мариуполем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2023
Оё Ғарб ба ҳамлаи низомӣ ба Украина омода аст
Дар урфият мегӯянд, ки “ба дандонҳои аспи тӯҳфашуда наменигараранд”. Аммо Пентагон ҳамаи танкҳои M1A1 -и истифодашударо бо танаҳои аз таъмир баромада аз мошинсарои артиши ИМА ба ҷои танкҳои нисбатан муосири навъи M1A2 ба Украина мефиристад. Аён аст, ки , байни навъи аналогии M1A1 ва навъи рақамии M1A2 фосилаи технологӣ ё худ вартаи технологӣ ба монанди фарқияти байни телефони симӣ ва мобилӣ мавҷуд аст.
Танкистони украинӣ мошинҳои ҷангии амрикоиеро мегиранд, ки дар онҳо маҷмааи идоракунии иттилоотии ҷангӣ, нишонгирии маҷмаавии тепловизории фармондеҳ,
нишондиҳандаи нишонгир бо мӯътадилсозӣ дар ду сатҳ, тепловизор барои механик-ронанда ва пластинкаҳои зиреҳи уран дар қисми болоии пеш надоранд.
Дар ин маҷмӯи аслиҳа гулӯлаҳои зиреҳзани дилакашон урани заифдор дохил карда нашуданд, ба ҷои ин ҳама гулӯлаҳои волфрамдори дорои қобилияти пасти рахназанӣ дода шуд. Суръати парадоксалии интиқоли “Абрамс”-ҳо ба артиши Украина аз ҳисоби коҳиши самаранокии ҷангии онҳо мушоҳида карда мешавад.
Воқеан, маҷаллаи амрикоии Foreign Policy аз ин пештар ҳам қайд намуда буд: "Артиши Украина ҳар чӣ бештар бозичаҳои номувофиқи аз маводҳои зердастӣ омодашудаи корношоямро мегирад". ИМА ба Украина яроқи атиқа медиҳад ва шумо бояд бар ивази чунин кӯмак нафақат бо пул, балки ба бо гаронтарин арзиш пардохт кунед.

Талафоти ҷангии Abrams

Хусусиятҳои асосии тактикӣ- техникии танкҳои Abrams ривояти нерӯи силоҳи амрикоиро аз байн мебарад. Ҳатто навъҳои нисбатан нави танкҳои M1A2 дорои сатҳи баланди осебпазирӣ ва як қатор камбудиҳои технологӣ мебошанд.
Боевая работа самоходной гаубицы 2С19 Мста-С в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Талафоти Украина дар минтақаи амалиёти вижа маълум шуд
"Абрамс" вазни зиёд дорад - зиеда аз 60 тонна - ва бениҳоят “баднафс” аст: хароҷоти сӯзишвории авиатсионӣ дар 100 километр то 700 литр ташкил медиҳад.
Дар театри амалиёти ҷангии украинӣ тасаввур кардани қатораи тӯлонии сӯзишвории танкчиёнро ҳамроҳӣ менамуда ғайриимкон аст - чӣ хеле ки дар Ироқ буд. Зеро онҳоро авиатсияи русиягӣ оҷилан нобуд месозад.
Воситаҳои зиддитанкии нерӯҳои русиягӣ ба "Абрамс"-ҳо дар майдони ҷабҳа имконияти “зинда монданро” намедиҳанд: садди омехтаи хумпорагӣ дар реҷаи 24/7 самаранок “кор мекунанд”, артиллерия ва бесарнишинҳои оромӣ надоштаи худкуши Лантсет бехато мезананд, танкҳои Т-90М Прорив техникаи зиреҳпӯшии вазнинро дар масофаи то 5 км, мушаки Вихр-М (Ка-52) ва маҷмааи мушакии зиддитанкии Корнет аз масофаи то 10 км ҳадафро бехато ба нишон мегиранду нобуд месозанд. .
Аз ҷониби дигар, тӯпҳои 120-мм танки амрикоии M1A1 Abrams қодиранд аз масофаи то 3 км нишонро мавриди ҳадаф қарор диҳанд (ҷониби мухолиф маҷмааи мушакии зиддитанкӣ ва гулӯлаҳои реактивӣ умуман надорад).
Пулемётҳои калибри 7,62 мм ва 12,7 мм дар ҷанг бо душмани дорои яроқи бо истифода аз технологияҳои баланд омодашуда пирӯзӣ ваъда намекунанд. Зиреҳи болоии манора - 38 мм, борти тана - 30 мм, муҳофизати динамикӣ мавҷуд нест.
Маҷмааи идоракунии силоҳи "Абрамс" барои қувваҳои мусаллаҳи Украина то қадри имкон сода карда шудааст - барои суръатбахшии омода намудани экипажҳои украинӣ.
Бронеавтомобиль Дозор на военном параде на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
"Мо зид": Сиёсатмадори олмонӣ дар бораи интиқоли силоҳ ба Украина
Воқеан ҳам, барои тирандозӣ аз тӯп масофабини лазерӣ ва ҳисобкунаки баллистикии рақамӣ кифоя аст.
Мавҷуд набудани тирпуркунӣ тариқи автоматикӣ - мушкилоти умумии технологии танкҳои натогӣ, ба истиснои Леклерк, мебошад.
Автомат ба осонӣ бо узви чоруми экипаж иваз карда мешавад, аммо гилзаҳои қисман сӯхташудаи гулӯлаҳо пас аз тирпарронӣ аксар вақт дар дохили манора "то ба охир месӯзанд" - ин ҷаҳаннам аст.
Муҳаррики газӣ-турбинии хеле инҷиқ бо иқтидори 1500 л.с. имкон медиҳад, ки суръати ниҳоӣ то ба 72 км/соат расонида шавад. Захираи ҳаракат бо зарфи паҳлуии пурраи сӯзишворӣ (1900-литр) дар шоҳроҳ 440 км мебошад.
Амалиёти "Тӯфон дар биёбон" барои 18 "Абрамс" амалиёти охирин шуд. Дар ҷараени ҷанги Ироқ дар солҳои 2003-2011 аз 1135 чунин мошинҳои ҷангӣ 70%-и парки танкии амрикоӣ сӯхтанд ва ё аз кор баромаданд.
Аз рӯи фарзияи артиши Ироқ, 140 "Абрамс"-и M1A1-и ба нерӯҳои ироқӣ дода шуда то охири соли 2016 "ҷиҳодиен" 47 ададашро нобуд карданд. Аён гашт, ки ҳатто навъҳои муосири ин танк дар майдони ҷабҳа осебпазиранд.
Флаг над Белым домом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Аз сухан ба амал: ИМА барои бастани лоиҳаи Украина омода аст
Арабистони Саудӣ дар соли 2015 даҳҳо "Абрамс" - ро ба гурӯҳҳои яманиён, ки бар зидди ҳуситҳо меҷангиданд, супурд. "Шӯришиён" дар як сол 20 мошини ҷангии саудӣ (амрикоӣ), аз ҷумла - 3 танки M1A2 Abrams-ро бо оташи маҷмӯи мушакии зиддитанкӣ нобуд сохтанд.
Қайд менамоем, ки "Абрамс"-ҳо ҳамеша бо доштани пуштибонӣ аз ҳаво амал менамуданд. Ва онҳоро ҳеҷ гоҳ нерӯҳои ҳарбӣ ва ҳамлаи авиатсияи душмани аз ҷиҳати технологӣ бартарӣ дошта аз масофаи 10 км нобуд накарда буд.
Пайдоиши танкҳои Leopard 2A4 дар театри амалиёти ҷангии украинӣ ба афзалиятнокии оташандозӣ, тактикӣ ва стратегии нерӯҳои русиягӣ таъсир нарасонид. Сӣ адад танки кӯҳнаи амрикоӣ низ артиши Украинаро аз шикаст наҷот намедиҳад.
"Абрамс”-ҳо ва дигар танкҳои асосии ҷангии НАТО аз ҳад зиёд тавсиф шудаанд, аммо барои муқовимати ҷангӣ дар театри амалиёти ҷангии украинӣ аз ҷиҳати технологӣ номувофиқанд ва бо чунин намуд техникаи русиягӣ рақобатнопазиранд.
Таҷриба нишон дод, ки беҳтарин танк дар амалиёти вижаи низомӣ - танки Т-90М "Прорив" будааст. Танки асосии ҷангии русия Т – 90М бо вазни 48 тонна аз ҷиҳати қудрати ҷангӣ, нишонгирии ҳадаф аз масофаи дур, суръат ва ҳаракат аз ҳамтоёни натогии насли худ чанд сару гардан болотар аст.
Силоҳи асоси дигар - тӯпҳои милашон ҳамвори 125-мм, ки масофаи ҳадафноки зарбазании онҳо то 4 ҳазор метр, ва ҳини истифодаи гулӯлаҳои фугасӣ-тиккапоравӣ дар хати ҳаракати баллистикӣ то 10 ҳазор метр мебошад.
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев: пирӯзии Русия дар Украина такон барои тағйирот хоҳад шуд
Худи ана ҳамин тӯп ҳадафи мушаки зиддитанкии идорашавандаи "Рефлекс" - ро бо нишонбари лазерӣ дар масофаи 5 ҳазор метр, аз ҷумла - чархболҳоро “сайд мекунад”.
Тарҳи аз ҳама пасттарин миёни танкҳои асосии ҷангии муосир ва маҷмӯи муҳофизати динамикӣ танки Реликт аз гулӯлаҳои зерикалибрии зиреҳзан сипари боэътимод дорад, ин ба Реликт имкон медиҳад, ки дар майдони ҷабҳа осебнопазир боқӣ монад.
Истеҳсоли танкҳои нав дар Русия дар як сол ба маротиб зиёд шуд – ва солона то ба 1000 адад расид. Тибқи маълумоти бонки Ҷаҳонӣ, ки дар аввали моҳи август нашр шуд, дар давоми 500 рӯз Русия аз Олмон пеш гузашт ва ба иқтисоди 5-уми ҷаҳон табдил ёфт, ки ин ҷузъи муҳими технологии шикасти стратегии артиши Украина ва НАТО мебошад.
Лентаи хабарҳо
0