Пас аз ду рӯзи зодрӯз, Шодӣ Шабдолов даргузашт

© Соцсети/Раҷаб МирзоШоди Шабдолов, собиқ раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон
Шоди Шабдолов, собиқ раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Обуна шудан
Вай замоне дар парлумони Тоҷикистон аз вакилони фаъоле буд, ки мавқеяшро вобаста ба ҳар масоили ғайри қобили қабул ошкоро баён ва мухолифат мекард
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Шодӣ Шабдолов, аз чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва яке аз раҳбарони собиқи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон фавтид.
Дар ин бора наздикони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Ӯ ду рӯз беш зодрӯз дошт ва 80-солагияшро 17 октябр таҷлил кард.
Ба иттилои манобеъ, сиёсатмадор дар шаҳри Хоруғ, ки тайи чанд муддат аз беморӣ ранҷ мебурд, аз олам даргузашт.
Вай замоне дар парлумони Тоҷикистон аз вакилони фаъоле буд, ки мавқеяшро вобаста ба ҳар масоил ошкоро баён ва мухолифат мекард.
Генерал-майор в отставке, кандидат военных наук, профессор  Шишлянников Александр Владимирович. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2023
Даргузашти аввалин вазири дифои Тоҷикистон
Марҳум доктори илмҳои иқтисод буд ва наздики 25 сол Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро раҳбарӣ кардааст.
Вай ҳангоми дар ин симмат будан, чаҳор маротиба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Мавсуф аз моҳи июли соли 2016 аз мақоми раҳбарии Ҳизби коммунистӣ ва сиёсат канор рафт.
Шодӣ Шабдолов 17 октябри соли 1943 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд шудааст.
Аз соли 1991 то соли 2016 раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, аз соли 2000 то 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0