Раҳмон ба Сафарзода мақоми нав дод

© Sputnik / Амир ИсаевБахтовар Сафарзода
Бахтовар Сафарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2023
Обуна шудан
Дипломат бори нахуст нест, ки ба мақоми наве ба ИДМ меравад. Ӯ дар гузашта намояндаи комилҳуқуқи порлумони Тоҷикистон дар АБ кишварҳои созмон буд
ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъйин кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, президент ба ин мақом сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Беларус Сафарзода Бахтовар Амиралиро таъйин кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки Сафарзода моҳи май бо ивази Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд курсии сафириро гирифт.
То расидан ба симати раҳбари намояндагии Тоҷикистон дар Минск намояндаи комилҳуқуқи порлумони Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Исматҷонов, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш кист?
Ҳамзамон дар гузашта Бахтовар Сафарзода бо намояндагӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ду маротиба, тайи солҳои 2015 ва 2020 вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи Вахш интихоб гаштааст.
Номбурда доктори ҳуқуқ буда, дар гузашта мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм буд.
Ӯ узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон буда сар аз 7 апрели соли 2015 ба сифати гурӯҳи вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Мавсуф аз кадрҳои ояндадори ҷавон шуморида шуда, чиҳил сол дорад ва забонҳои русиву англисиро хуб балад аст.
Лентаи хабарҳо
0