Ҳар моҳе қариб 100 ҳазор: вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон бештар шудааст

© Sputnik Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Обуна шудан
Дар умум дар давоми 9 моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон зиёда аз 1 млн хориҷӣ ворид шудаанд, ки на ҳамаашон бо ҳадафҳои сайёҳӣ омадаанд
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Вуруди сайёҳон дар моҳҳои январ - сентябри соли равон ба Тоҷикистон беш аз 17% афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои мақомоти омори Тоҷикистон, ба кишвар зиёда аз 802 ҳазор ҳазор хориҷӣ ворид шудаанд.
Аз ҳама зиёд ба Тоҷикистон аз ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид шудаанд, ки қарибаи 665 ҳазор нафар ҳисоб шудаанд. Русия ҳам дар садри кишварҳое қарор гирифтаст, ки шаҳрвандонаш ба Тоҷикистон зиёд меоянд.
Агентии омор ҳисоб кардааст, ки дар 9 моҳи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ 248 ҳазор нафар аз Русия ворид шудаанд.
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2023
Вакилони парлумони Русияу Тоҷикистон масъалаҳои муҳоҷират ва сайёҳиро баррасӣ карданд
Таъкид гардидааст, ки вуруди умумии хориҷиҳо бештар мебошад. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар умум давоми 9 моҳи соли равон беш аз 1 млн нафар хориҷӣ ворид гардидаанд.
Таъкид шудааст, ки на ҳамаи онҳо ҳадафи сайёҳӣ доштаанд ва ин омор мақсадҳои мухталиф, аз ҷумла хизматиро фаро мегирад.
Ҳукумати Тоҷикистон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, барои ҷалби бештари хориҷиҳо чораандешӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0