Рӯзу шом 16 соат: мушкили бебарқӣ дар навоҳии Суғд

© PxhereЛиния электропередачи
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Сокинони навоҳии Суғд мегӯянд, бо наздик шудани фасли зимистон дар деҳотҷойҳо ҳарорати ҳаво сард шудааст, вале мушкили барқрасонӣ аз сар гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Ба гуфтаи сокинон ду моҳ ба ин тараф дар деҳоти Суғд ҳам шаб ва ҳам рӯз барқ қатъ мешавад.
Ромизи Фаррухзод, сокини ҷамоати Ашт дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳдудияти барқ дар деҳаҳо то ҳанӯз идома ёфта, рӯзона 9 соат ва шабона то 7 соат барқи манзили онҳо хомӯш қатъ мешавад.
“Рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 ва шабона аз 22:00 то 5:00 и субҳ барқро қатъ мекунанд” – изҳор намуд, сокини ноҳияи Ашт.
Ин сокини вилояти Суғд мегуяд, мушкили барқрасонӣ соли гузашта ҳам буд, вале имсол реҷаи маҳдудияти он бештар шудааст.
Мушкили бебарқӣ на танҳо дар ноҳияи Ашт, балки дар навоҳии Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Истаравшан, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва дигар навоҳии Суғд ҷой дорад.
Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2023
Тоҷикистон омода аст ба кишварҳои узви СҲИ нерӯи барқ ​​диҳад
Зимнан ба ҷузъ шаҳракҳо ва шаҳрҳои азим барқрасонӣ тибқи реҷаи яксон дар ноҳияҳо қатъ мегардад.
Комрон Раҷабов, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳам зимни суҳбат зикр кард, ки мушкили қатъкунии барқ дар ин ноҳия ҳам то ҳол бартараф нашудааст.
“Дар шароити деҳотҷойҳо ба ҷузъ манзилҳо мактабу муассисаҳои тиббӣ низ мушкили бебарқиро паси сар мекунанд” – гуфт, сокини ноҳияи Мастчоҳ.
Ахиран рӯзи 28 сентябр ширкати “Барқи Тоҷик” бо нашри изҳорот сабаби ҷорӣ шудани маҳдудияти барқрасонӣ ба навоҳии кишварро шарҳ дод.
Дар ин изҳорот аз ҷумла гуфта шудааст, ки дар обанбори Норак “то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст, "вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст".
Масъулин он замон гуфта буданд, ки ҷорӣ шуданияти маҳдудияти барқрасонӣ барои таъмини сокинон бо барқ дар фасли зимистон аст.
Сангтудинская ГЭС-1 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Аз санҷиш гузашт: "Сангтӯда-1" сад фисад ба истеҳсоли барқ дар зимистон омода аст
Интиқоли барқ ба аксар навоҳии Суғд аз сӯи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан танзим мешавад.
Манобеъ дар ин идора ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло аз сӯи ниҳоди болоии онҳо дастури аз байн бурдани лимит содир нашудааст.
“Мо мутобиқи нақшаи ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунем ва то ҳол фармони аз байн бурдани маҳдудиятҳои барқрасонӣ дар ноҳияҳои вилоят содир нашудааст” – зикр кард, манбаъ аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ”.
Сокинони навоҳии Суғд мегуянд, бо фаро расидани сардиҳо, бебарқӣ дар шароити деҳотҷойҳо мушкили онҳоро афзун мекунад.
Лентаи хабарҳо
0