Боздошти садҳо мошини солашон кӯҳна дар гузаргоҳи гумрукии Суғд – видео

Обуна шудан
Эксклюзив
Соҳибкорон мегуянд, қабл аз қабули қарори ҳуқумат моли худро ба роҳ бароварда, бо сабабҳои зиёд саривақт расида натавонистанд ва хостори чораандешӣ шуданд
Дар Тоҷикистон қарори манъи воридоти мошинҳои соли бароришашон то 2013 сар аз аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон татбиқ шуд, вале иддае натавонистанд то ин муҳлат мошинҳояшонро ворид кунанд.
Бино ба мушоҳидаи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳоло садҳо мошини воридшавандаи хориҷӣ дар анбори тобеъи Раёсати гумрук дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешаванд.
Раҳмон вуруди мошинҳои куҳнатар аз 10-соларо манъ кард: Котиботаш сабабҳоро гуфт
Мақомоти идораи гумрук дар шарҳи ҳолати ба вуҷудомада мегуяд, як моҳ ба ин тараф воридшавии шумори чунин мошинҳо ба ҳудуди дидбонгоҳи наздисарҳадӣ афзоиш ёфта зарурати нигоҳдории онҳо дар ҳудуди анборҳои муваққатиро бавуҷуд овардааст.
Зеро дар чунин вазъ аз ҳисоби тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар сарҳадӣ дар миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон воқеъ дар гузаргоҳҳои гумрукии “Фотеҳобод” ва “Ойбек” ро ба мушкил мувоҷеҳ мегардонад.
“Воситаҳои нақлиёт пас аз ворид гаштан ба ҳудуди ҷумҳурӣ таҳти расмиёти “нигаҳдории муваққатӣ” дар анбори воқеъ дар шаҳри Бӯстон ҷойгир карда шудаанд, ки шумораашон беш аз 1600 адад шудааст” – гуфта мешавад, дар иттилоияи мақомоти гумруки Суғд.
Дар ҳамин ҳол соҳибкорони воридкунандаи мошинҳо мегуянд, аз қабули қарори ҳукумат дар бораи манъи мошинҳои соли бароришашон то 2013 огоҳ ҳастанд, вале зимни интиқолдиҳӣ дар роҳ бо зиёд мушкилиҳои баркашоӣ мувоҷеҳ шудаанд, ки дар натиҷа саривақт расида натавонистаанд.
Чаро савдои мошин дар Тоҷикистон суст шуд? – шарҳи хариддорону фурӯшандаҳои мошинбозор
Ҳусниддин Қобилов, соҳибкори воридкунандаи мошинҳо ва сокини шаҳри Истаравшан мегуяд, онҳо ҳанӯз дар моҳҳои июн ва июл дар чаҳор контейнер дар умум 25 мошинро аз Кореяи ҷанубӣ харида ба ҷониби Тоҷикистон ба роҳ баровард, аммо мушкилот дар гузаргоҳҳои гумрукии кишварҳои Эрону Туркманистон боиси саривақт нарасидани онҳо шуд.
“Дар роҳ ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки мол чи вақт аз Корея омада мерасад. Бо гузашти беш аз чаҳор моҳ ду контейнери мошинҳои мо омада расид, вале ду контейнери дигар ҳанӯз дар роҳ аст” – гуфт, Қобилов.
Соҳибкор Меҳроб Мирзоев, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки мушкили тағйирёбии ҳаво дар роҳ кори интиқолдиҳии мошинҳоро барояшон дувор гардонидааст.
“Мошинҳоро дар 25 -27-уми июл ба контейнерҳо бор карда ба роҳ баромадем, бинобар ба вуҷуд омадани тайфун чанд бор дар роҳ моро нигоҳ доштанду кори мо ҳафтаҳо ва моҳҳо ба таъхир афтод ва бо ин сабаб мо то моҳи октябр мошинҳоро ворид карда натавонистем”, – таъкид кард, тоҷир.
Рустами Эмомалӣ хостори пурра ба мошинҳои барқӣ гузаштани ширкатҳои мусофирбарӣ шуд
Ҳукумати Тоҷикистон 2 августи соли ҷорӣ қарори манъи вуруди мошинҳои соли бароришашон 2013 ро содир кард, ки сар аз моҳи октябр татбиқ мешавад.
Мақомот ҳадаф аз ин иқдом “беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши ҳаҷми партовҳо ба ҳаво” мехонанд.
Лентаи хабарҳо
0