ВАО: Ҳайати Исроил барои музокирот бо Ҳамос вориди Қоҳира шуд

© AFP 2023 / JACK GUEZОбстрел сектора Газа со стороны Израиля
Обстрел сектора Газа со стороны Израиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2023
Обуна шудан
Ҳоли ҳозир масъалаи оташбас дар навори Ғазза мунҷамид аст ва интизори посухи Исроиланд, ки метавонад дар пайи нишасти кобинаи низомӣ "мавқеъи нав" дошта бошад
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ҳайати вакилони исроилӣ барои омӯзиши мавқеъи ҷунбиши фаластинии Ҳамос дар бораи созиш ва табодули асирон ба маҳбусони фаластинӣ вориди Қоҳира шуд.
Дар ин бора рӯзномаи арабии Al-Araby Al-Jadeed бо истинод ба манобеи огоҳи мисрӣ хабар медиҳад.
Манбаи нашрия гуфтааст, ки ҳайати исроилӣ, ки аз Қоҳира дидан кардааст, "як нафари масъули ҳукуматӣ дар умури асирон ва гумшудагонро шомил кардааст".
"Ҳадафи ҳайат омӯзиши дақиқи мавқеъи Ҳамос дар мавриди консепсияҳои оташбаси пешниҳодшуда, аз ҷумла тавофуқи табодули асирон буд", - навиштааст рӯзнома.
Тавре зикр гардид, пешниҳоди Миср аз ҷониби Ҳамос "қатъиян рад нашудааст", зеро он ду принсипи асосиро дар бар мегирад, ки барои ҷунбиш авлавият дорад: ҳеҷ гуна музокирот дар заминаи амалиёти ҷангӣ ва оташбаси ҳамаҷониба ва пас аз он хуруҷи нерӯҳои исроилӣ аз навори Ғаззаро пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи манобеъ, дар ҳоли ҳозир масъалаи оташбас дар навори Ғазза мунҷамид аст ва интизори посухи Исроиланд, ки метавонад дар пайи нишасти кобинаи низомӣ "мавқеъи нав" дошта бошад, ки аъзоёни он дар он ҷо масъалаҳои ба Қоҳира сафар кардани ҳайати вакилони исроилиро муҳокима мекунанд.
Палестинцы едут на велосипедах мимо разрушенных зданий в городе Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2023
Вазорати тандурустии Фаластин: Исроил мехоҳад системаи тандурустии Ғаззаро нест кунад
Қаблан шабакаи телевизионии Asharq хабар дода буд, ки Миср пешниҳоди худро барои хатми ҷанг дар навори Ғазза ва рушди пас аз низоъ аз се марҳила иборат ба Исроил ва ҷунбиши Фаластин ироа кардааст.
Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар ин бахш беш аз қариб ба 21 ҳазор нафар кушта ва беш аз 57 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Муноқишаи Фаластину Исроил

Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бондозӣ ба хуну хок кашид.
Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Юг Израиля недалеко от границы с сектором Газа, после авиаударов Израиля  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2023
Ушаков: Исроил Ҳамосро несту Ғаззаро ба хун кашад ҳам, амният нахоҳад дошт
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0