Душанбе бархе ҷузъиёти суҳбату созишҳои вазири Туркия дар Тоҷикистонро баён дошт

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Турции Хакан Фидан
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Турции Хакан Фидан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2024
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Туркия сафари расмияшро дар Тоҷикистон анҷом дод. Душанбе бархе аз ҷузъиёту натиҷаҳои мулоқот ва музокироти меҳмони баландпояро гуфт
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Нахустин сафари расмии вазири умури хориҷии Туркия, Ҳақан Фидан дар Душанбе пурсамар арзёбӣ шуд, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ.
Ӯ зикр намуд, ки дар доираи ин сафар Фидан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни сафар рафти иҷрои созишномаҳои Тоҷикистону Туркия таҳлил карда шуда, аз ҷумла вазирони корҳои хориҷии ду кишвар барномаи ҳамкориҳои ин ду ниҳодро ба имзо расонданд, афзуд ӯ.
Дар робита ба изҳороти Фидан дар бораи эҳтимоли имзои созишнома дар бораи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, Самадӣ изҳор дошт, ки ин масъала, мавзӯи музокироти ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии кишвар набуд.
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2024
Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ созишнома ба имзо расонданд
Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар дидор бо раҳбари Тоҷикистон, вазири умури хориҷаи Туркия дар бораи натоиҷи сафараш ба Қирғизистон, ки як рӯз қабл бо як сафари расмӣ аз он боздид кардааст, иттилоъ додааст.
"Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки тавофуқоти ахир дар сатҳи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон далели иродаи сиёсии раҳбарияти ду кишвар барои ҳаллу фасли ҳама гуна масоили марзӣ танҳо дар заминаи дуҷониба, бидуни ҷалби ҷонибҳои сеюм аст", - илова намуд Самадӣ.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин тавзеҳ дод, ки маҳз муколамаи доимӣ дар сатҳи сарони давлатҳо ба кори ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар барои сари вақт анҷом додани супоришҳо такон мебахшад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни сафари расмии Фидан ба Душанбе вазирони корҳои хориҷии ду кишвар барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои 2024-2026-ро имзо карданд.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориро дар бахшҳои маориф, сармоягузорӣ, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карда, аз мавзӯъҳои таъмини амнияту мубориза бо терроризм гуфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0