Эрон низ афзоиши тавлидоти маводи мухаддир дар Афғонистонро сабт кардааст

© AP / Fareed KhanАфганские семьи ждут посадки в автобусы, чтобы отправиться на родину, в Карачи, Пакистан
Афганские семьи ждут посадки в автобусы, чтобы отправиться на родину, в Карачи, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2024
Обуна шудан
Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон, аз афзоиши 20%-ии тавлиди маводи мухаддири саноатӣ дар Афғонистон тайи моҳҳои охир хабар додаст
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Эрон ҳеҷ нишонае аз коҳиши кишт ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистонро мушоҳида накардааст, гуфт раиси ситоди мубориза бо маводи мухаддири ҷумҳурии исломӣ, Искандар Мӯъминӣ,
Ба гуфтаи Муъминӣ, афзоиши 20% тавлиди маводи мухаддири саноатӣ, ба хусус “метамфетамин" дар Афғонистон дар 10 моҳи ахир ба мушоҳида мерасад.
Дар ду соли ахир Толибон* борҳо иддао кардаанд, ки кишт, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар кишвар ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
Тоҷикистон аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон мегӯяд, аммо СММ ва ба дунболи он ҳукумати Толибон* иддао доранд, ки кишти тарёк ва дар пайи он қочоқи маводи мухаддир ба ҳадди сифр наздик мешавад.
Узбой - сухое русло Амударьи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2024
Таҳлилгарон: бояд бо мақомдорони Афғонистон дар масоили обӣ музокира кард
Қаблан Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар соли 2023 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар умум аз муомилоти ғайриқонунӣ қариби 5,3 тон маводи нашъаовар мусодира кардаанд, ки дар қиёс бо соли 2022 қариби 300 кило зиёд аст.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, Зафар Самад, дар шарҳи ин мавзуъ гуфта буд, зиёда аз 2,7 тон аз ин ҳаҷмро мақомоти қудратии Тоҷикистон дар навоҳии ҳамсарҳад бо Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира кардаанд, ки беш аз 56%- и мусодираи умумӣ дар кишварро ташкил медиҳад.
Дар Афғонистон ба далели ин ки аз метамфетамин даромади бештаре дарёфт мекунанд, даллолони маводи мухаддир шурӯъ ба тавлиди он дар лабораторияҳои махфӣ кардаанд, ки дар он ҷо тавлид ва вориди Тоҷикистон мешавад ва ба сурати транзит ба кишварҳои дигар мунтақил мешавад, гуфт ӯ.
*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0