Ҳушдори мақомот ба муаллимон: Дар Рӯзи Модар маблағ ё туҳфа наситонед

© Foto / Дафтари матбуоти мактаби русӣ-тоҷикии ба номи ГагаринПервое сентября в Гагаринской школе в Душанбе
Первое сентября в Гагаринской школе в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2024
Обуна шудан
Мақомот омӯзгоронро ҳушдор додааст, ки дар Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯз аз маблағситонӣ ва оростани дастархонҳову зиёфатҳо худдорӣ намоянд, вагарна ҷазо мегиранд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Сарраёсати маоорифи шаҳри Душанбе ба омӯзгорон ҳушдор додааст, ки ҷамъоварии маблағ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ё тарабхона рафтани хонандагону кормандон бахшида ба ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз манъ мебошад.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки ин маҳдудиятҳо ба роҳбарону кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва сокинони пойтахт рабт дорад.
“Тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” ва “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” барои пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ё тарабхона рафтани хонандагону кормандон бахшида ба ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз манъ мебошад”, - зикр кардааст ин ниҳод.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Рушди босуръати соҳаи маориф дар Хатлон
Раёсати маориф аз сокинони хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати аз ҷониби кормандони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ ва ё туҳфаситонӣ ба телефони боварӣ ё почтаи электронӣ занг зада, арзу шикояти худро бигӯянд.
Мақомот қайд кардааст, ки арзу шикоятҳои пешниҳодшуда, дар доираи қонунгузорӣ барои чораандешӣ ба сохторҳои дахлдор ирсол мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0