КҲФ: хавфи тармафароӣ дар Суғду ВМКБ ҳамоно боқист

CC BY-SA 3.0 / Scientif38 / Снежная лавина, архивное фото
Снежная лавина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2024
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, бинобар ҷо доштани хавфи тармафароӣ шаҳрвандонро лозим аст аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар чанд минтақаиТоҷикистон хавфи фаромадани тарма ҳамоно боқист, мегӯяд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, то 11 март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва ҳамзамон ноҳияҳои ғарби ВМКБ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Бинобар ин, кумита аз шаҳрвандон хост, то ин муддат аз сафари бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Заснеженная трасса Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2024
Роҳ самти Суғд барои мошинҳои боркаш баста аст
Қаблан ин ниҳод хабар дод, ки дар рӯзҳои хавфи омадани тарма дар роҳҳои кӯҳӣ постгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд, то сари вақт ба ронандагон ва мусофирони дармонда кумак расонанд.
Бояд гуфт, имрӯз то чанд муддат роҳ самти шимоли мамлакат, бинобар фаромадани 5 тармаи хурду калон масдуд буд.
Ширкати IRS, ки масъулияти нигаҳдории ин роҳро ба ӯҳда дорад, хабар дод, ки аввал роҳ барои мошинҳои сабукрав баъди қисман поксозии роҳ боз шуд ва сипас пас аз пурра тоза шудани роҳ ҳамагуна нақлиёт имкони сафар ба Суғд ва ё Душанберо пайдо намуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳолатҳои фаромадани тарма дар Тоҷикистон имсл бисёр аст, вале хушбахтона то ҳол ин офатҳои табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надоштанд. Дар ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон бошад, беш аз 30 нафар қурбони тармафароӣ гардида, ҳамчунин ҳамин теъдоди дигар ҷароҳату осеб диданд.
Лентаи хабарҳо
0