Бозори хариди давлатӣ дар кишварҳои ИИАО аз $190 млрд гузашт

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЕвразийский экономический форум в Москве
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2024
Обуна шудан
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё зарурати содагардонии ҳамкориҳо дар хариди давлатӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии он медонад
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Сатҳи хариди давлатӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) меафзояд.

Дар ин бора вазири рақобат ва танзими зиддиинҳисории Комиссияи иқтисодии Авруосиё Максим Ермолович дар мулоқот бо муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Беларус Николай Снопков изҳор дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён имкониятҳои густариши иштироки мутақобилаи кишварҳои узви ИИАО дар хариди давлатӣ баррасӣ намуданд.
Максим Ермолович таъкид кард, ки ҳаҷми бозори хариди давлатӣ дар ИИАО аз $190 млрд гузашт ва дар ҳоли афзоиш аст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазир, то ҳол ширкати мутақобила дар хариди давлатӣ кам аст.
"Танҳо даст кашидан аз протексионизм (ҷӯрабозӣ) кишварҳо метавонанд тиҷорати худро инкишоф дода, рақобатро афзоиш диҳанд", - қайд кард намояндаи Комиссияи иқтисодии Авруосиё.
Ба гуфтаи Ермолович, бояд ҳамкории мутақобила дар хариди давлатӣ сода ва то ҳадди имкон рақобатпазир гардад.
Дар навбати худ Николай Снопков қайд кард, ки интиқоли молҳои белорусӣ ба кишварҳои ИИАО афзоиш ёфта, корхонаҳои Беларус дар хариди давлатӣ фаъолона иштирок мекунанд.
"Роҳнамои асосӣ боз ҳам бозтар шудани бозори умумии панҷ кишвар аст. Барои ин бояд навъҳои гуногуни имтиёзҳои миллӣ аз байн бурда шавад, дастрасии баробар ва рақобат бо шартҳои баробар таъмин карда шавад", - гуфт Николай Снопков.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Ермолович, дар соли 2020 ҳаҷми бозори хариди давлатӣ дар ИИАО камтар аз 140 млрд долларро ташкил дода, дар соли 2022 бошад, 35% афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи калонтарини бозор дар Русия аст.
Лентаи хабарҳо
0