Раҳмон ба Озарбойҷон меравад: тафсилот

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона и Министра общественной безопасности КНР Ван Сяохуна
Встреча Эмомали Рахмона и Министра общественной безопасности КНР Ван Сяохуна - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2024
Обуна шудан
Вазирон ҳамчунин баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон дар даҳаи дуюми моҳи май баррасӣ карданд.
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои худ аз Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар додааст.
Зимнан зикр мегардад, ки сарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ омодагиҳо ба сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷонро муфассал баррасӣ карданд.
Ҳамин тавр, сафар ба даҳаи сеюми моҳи майи соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Эмомали Рахмон и Касым-Жомарт Токаев в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2024
Тоҷикистон ба Қазоқистон кумаки башардӯстона мефиристад
Вазирон ҳамчунин доир ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон, Рӯзҳои синамои тоҷик ва Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон дар даҳаи дуюми моҳи май табодули назар карданд.
Илова бар ин, Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷейҳун Байрамов як қатор масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд. Э
"аблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар карда буд. Дар он ҷо бо сокинон вохӯрда, дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз ширкат варзида, бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва рафти корҳои баҳории кишоварзӣ ошно шуд.
Лентаи хабарҳо
0