Аз имзои Аҳдномаи ҳампаймонӣ то сиёсату иқтисод: Раҳмону Мирзиёев чиро баррасӣ карданд

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаПереговоры Шавката Мирзиёева и Эмомали Рахмона
Переговоры Шавката Мирзиёева и Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Обуна шудан
Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон унвон шудааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тоҷикистону Узбекистон имкон доранд ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд.
Дар ин бора дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таъкид шуда, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон Узбекистонро ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон хонда гуфтааст, ки муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон унвон шудааст.
Ҳамзамон ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ, тиҷорати электронӣ ва хизматрасонии замонавии саноатӣ самтҳои наву ояндадори робитаҳо дониста шуд.
"Дар рафти мулоқот таъкид гардид, ки бастаи нави санадҳои дуҷонибаи имзошаванда, аз ҷумла ҳуҷҷати таърихии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ заминаи ҳуқуқии ҳамкориро ба таври назаррас тақвият мебахшанд",- афзудааст манбаъ.
Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, мошинсозӣ, коркарди муштараки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзӯъҳои дигари музокироти ду кишвар будааст.
Визит Шавката Мирзиёева в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Истиқболи гарми Мирзиёев дар Душанбе - аксҳо
Раҳбарони кишварҳо густариши робитаҳо дар соҳаи нақлиёт, боркашонӣ, таъсиси хатсайрҳои нав байни минтақаҳои ду кишвар ва идомаи талошҳо ҷиҳати сохтмони роҳҳои оҳанро низ баррасӣ кардаанд.
Масоили таъмини амният дар минтақа, таҳкими фаъолияти сохторҳои марбута дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, зуҳуроти ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро аз паҳлӯҳои дигари суҳбати президентҳо гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0