Шарҳи вазорат дар бораи бемории хатарноки тоун дар Айнӣ: “Аз замони Искандари Мақдунӣ”

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкТуристы идут в поход
Туристы идут в поход - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи мутахассис, дар он минтақа хатар билқувва аст, асрҳо ба ин сӯ буд, дасти кам беш аз ду сада аст, ки вуҷуд дорад ва ҳамасола таҳқиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи хатари тоун ба сайёҳон дар ноҳияи Айниро шарҳ дод.
Қаблан Кумитаи сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хоста буд, ки аз бурдани сайёҳон ба минтақаи Саратоғи ноҳияи Айнӣ ба далели эҳтимоли шуюъи маризии тоун худдорӣ кунанд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри ин матлаб ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳузури афрод, аз ҷумла сайёҳони дохилию хориҷӣ, дар минтақаи Саратоғ бехатар нест.
“Дар ин минтақа ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ як шлагбаум меистод ва дар канори он дар як лавҳа навишта шуда буд: “карантинная зона” (минтақаи қарантина ё хавфнок). Ба ин маънӣ, ки ин минтақа ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ беназорат нест",- афзуд вай.
Мавсуф гуфт, ки ҳар сол мутахассисонро ба он мавзеъ мефиристанд. Онҳо дар радиуси 400 метри мураббаъ, ки манбаъи сироят ташхис шудааст, аз ҷумла муҳити зист, хок, хояндаву ҳашароти маҳаллро таҳқиқ мекунанд, ки оё хатар ба вуҷуд омадааст, ё хайр.
Ба қавли ӯ, осори тоун дар ин минтақа на як асру ду аср пеш, балки ҳанӯз аз замони Искандари Мақдунӣ вуҷуд дорад.
“Маҳз ӯ аввалин бор маризии тоунро ба Осиёи Марказӣ оварда буд. Куҳантарин додаҳои мо аз шуюъи ин беморӣ дар асри 19 ривоят мекунанд, на ҳатто асри гузашта”, - гуфт сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ.
Медицинские работники в больнице. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2024
Ҳафтаи иммунизатсия дар Тоҷикистон: баҳор бо худ кадом бемориҳоро меорад?
Вай дар шарҳи ин, ки чаро ин мавзуъ маҳз ҳоло дар рӯзҳои мо доғ шудааст, гуфт, ду сол ба ин сӯ ширкатҳои сайёҳӣ ба ин минтақа, ки як ҳамвории бузург дорад ва маҳалли таҳқиқоти вазорати тандурустӣ аст, сайёҳ мебурданд ва ба ҳушдорҳои мо таваҷҷӯҳ намекарданд.
"Ширкатҳо мерафтанд, ба истилоҳи худашон, “кемпинг” мекарданд, урдугоҳ ё хайма мезаданд. Бидуни хулосаи Истогоҳи беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (СЭС), Кумитаи ҷангал ва дигар аснод. Ҳамаро нодида мегирифтанд. Мутахассисони мо, ки барои таҳқиқ мерафтанд, ду сол ба онҳо мегуфтанд, ки ин мавъез хатарнок аст, барои сайёҳӣ мувофиқ нест, аммо эътино менакарданд, санад мепурсиданд ва мо ин санадро 1 марти соли равон ба Кумитаи сайёҳӣ пешниҳод кардем”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Вай ин ҳарфҳои расонаҳо дар бораи ин, ки ин табдири муваққатӣ аст, рад карда, гуфт, чунин нест, зеро он ҷо манбаъи табиии куҳна аст ва ин минтақа офият надорад.
Ба гуфтаи мутахассис, дар он ҷо хатар билқувва аст, асрҳо ба ин сӯ буд, дасти кам беш аз ду сада аст, ки вуҷуд дорад.
"Дар замони Шӯравӣ ҳатто тамоми минтақаро дору мезаданд, зеро дар ҳудуди он дар замонаҳои гузашта ҳам одамон ва ҳам аспу дигар ҳайвоноти хонагиро дафн карда буданд ва хокистари онҳо дар қаъри замин ҳанӯз мавҷуд аст, ки эҳтимоли тариқи мушу калламӯш , кайку кана, ҳатто борону селҳо берун омадани он вуҷуд дорад”, - гуфт Ҷаъфаров.
Қаблан расонаҳон бо истинод ба як санади Кумитаи сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти соли равон хабар доданд, ки бино ба хулосаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар аввали асри гузашта дар минтақаи Саратоғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд 250 сокини минтақа аз бемории ниҳоят хавфноки “тоун” фавтидаанд.
Аз ин хотир, эҳтимоли шуюъи маризӣ аз манбаъҳои сироят вуҷуд дорад ва ба хотири эминии афрод, бахусус, сайёҳони хориҷиву дохилӣ аз интиқоли онҳо ба ин минтақа бояд худдорӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0