Рӯзноманигори шинохта Сайфуллоҳ Маҳкамов даргузашт

© Foto / Из личного архива Сайфулло МахкамоваСайфулло Махкамов
Сайфулло Махкамов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2024
Обуна шудан
Ҷанозаи Сайфулло Маҳкамов баъд аз зуҳри имрӯз дар қабристони маҳаллаи Тали шаҳри Истаравшан бо ҳузури шогирдони ҳавмкорони зиёд доир шуд
ДУШАНБЕ, 2 май – Sputnik.Нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Сайфуллоҳ Маҳкамов дар сини 80 – солагӣ дар шаҳри Истаравшан даргузашт.
Хабари даргузашти сармуҳаррири нашрияи “Корвони умед” – Сайфулло Маҳкамовро, Уктами Нурулло, раиси созмони Иттифоқи журналистон дар шаҳри Истаравшан ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Бино ба гуфти манбаъ, Маҳкамов муддатҳои ахир аз беморӣ ранҷ мебурд.
Маҳкамов Сайфулло 2 январи соли соли 1945 дар шаҳри Уротеппа (ҳоло Истаравшан) таваллуд шудааст. Фаъолияти кориашро баъд аз хатми Институти омӯзгории Тоҷикистон дар 1966 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радиои назди совети вазирони РССТ оғоз намудааст.
Соли 1976 ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шомил гардида, барои нашри матолиби матбуотӣ дар чандин озмунҳои сатҳи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баранда шудааст.
Барои меҳнати босамараш бо ҷоизаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (солҳои 1972 ва 1988) қадрдонӣ гардидааст.
Первый вице-премьер Таджикистана Юрий Поносов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2024
Даргузашти собиқ раиси Душанбе ва мақомдор дар Кӯлобу Бадахшон
Мавсуф аз соли 1994 то 2000-ум депутати Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Уротеппа ва соли 2000 то 2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Уротеппа (Истаравшан) буд.
Маҳкамов то рӯзҳои охирини ҳаёташ беш аз 55 сол ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул буда, бо рӯзномаҳои зиёд ҳамкорӣ карда, моҳи декабри соли 2000 ум ҳафтаномаи кӯдакону наврасони вилояти Суғд “Корвони умед”-ро таъсис дод.
Дар умум аз марҳум 32 номгӯй китобҳо дар мавзуӯъҳои гуногун ба монанди "Сарбози Инқилоб", қиссаи "Бӯи хун", "Фидоӣ", "Фарзанди Истаравшан", "Хишти аввал", "Сарчашмаи зиндагӣ", "Фарзандони диёр", "Сафобахш", "Ҳунармандон", "Мактаби маҳорат ва ҷасорат", "Нони ҳалол" ва ғайраро ба чоп расонидааст.
Лентаи хабарҳо
0