Раҳимов дар финал бо Ринер зӯрозмоӣ мекунад

© SputnikТаджикский дзюдоист Темур Рахимов
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2024
Обуна шудан
Ҷудокори номии тоҷикистонӣ, Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷаҳонии Dushanbe Grand Slam - 2024 ҳарифонашро шикаст дода, то ба даври ниҳоӣ расид
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Паҳлавони тоҷик, Темур Раҳимов дар финали Dushanbe Grand Slam - 2024 бо ситораи дурахшони ҷудои ҷаҳон Тедди Ринер сабқат мекунад.
Ӯ то даври ниҳоӣ ҳамаи ҳарифонашро шикаст дод. Аз миёни 12 паҳлавони тоҷик, ки дар рӯзи сеюм яъне охирини Dushanbe Grand Slam-2024 зӯрозмоӣ карданд, танҳо Темур Раҳимов ба финал роҳ ёфт.
Вай, ки дар даври аввал озод буд, аввалин набардашро дар Dushanbe Grand Slam 2024 бо пирӯзӣ оғоз кард. Дар даври дуюм Давит Кевлишвилии испаниро шикаст дода, дар даври сеюм бо Иброҳим Татароглуи турк вориди майдон шуд.
Международный турнир по дзюдо Dushanbe Grand Slam 2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2024
Рӯзи охири Dushanbe Grand Slam - 2024: Киҳо аз Тоҷикистон вориди майдон мешаванд?
Барои расидан ба ин зина ӯ ҷудокори турк Иброҳим Татароглуро низ бо имтиёзи иппон шикаст дод. Сипас ҳарифи деринааш аз АМА Магомедомар Магомедомаровро низ мағлуб кард.
Ҳарифи Раҳимов дар финал Теддии 35-сола, қаҳрамони секаратаи олимпӣ (Лондон-2012, Рио-2016, Токио-2020), қаҳрамони 12-каратаи ҷаҳон, қаҳрамони 5-каратаи Аврупо ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг медали нуқра, Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг медали тилло, Обид Ҷебов дар вазни -66 кг медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев дар вазни -66 кг медали биринҷӣ гирифтанд.
Ғолибон дар баробари холҳои олимпӣ инчунин 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро қадрдонӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0