Микшерские пульты в студии радиостанции ENERGY

Ду радиои нав дар навоҳии наздимарзии Ӯзбакистон фаъол мешавад

5
(Таҷдидшуда 15:12 04.11.2014)
Дар навоҳии ҳаммарзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон ду радио ба пахши барномаҳои худ шурӯъ мекунанд,иттилоъ медиҳад сомонаи расмии созмони ҷамъиятии "Хома"

ДУШАНБЕ, 4 ноя —  Радиф Тоҷикистон.  "Дар арафаи таҷлил аз 20-солагии тасвиби Сарқонуни Тоҷикистон — 6-уми ноябр  ду радиои маҳаллӣ ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Ҳар ду шабака дар ноҳияҳои ҳаммарз бо Ӯзбакистон фаъол мешаванд",- иттилоъ медиҳад манбаъи мазкур.    

 Сарчашмаи хабар таъкид мекунад, ки яке аз ин радиоҳо дар ноҳияи бо Узбакистон ҳаммарзи Турсунзода, тақрибан 60-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон бо номи "Садои Осиё"  рӯи  мавҷи "106.8 FM" ба пахши гуфторҳои санҷишии худ оғоз кардааст ва расман  рӯзи 6 ноябр ба муносибати рӯзи Конститутсия ба фаъолияти худ оғоз хоҳад бахшид.

Радиои дигар —  "Дунё FM" — ҳамон рӯз ба пахши барномаҳояш дар шимоли Тоҷикистон оғоз мекунад.  Муассиси "Дунё FM" студияи "Дунё +" буда, ин дуввумин радио пас аз радиои «Авис-Плюс» аст, ки ин студия аз соли 2009 ба ин тараф дар ноҳияи Истаравшан фаъол кардааст.  Феълан, дар минтақаҳои мухталифи  Тоҷикистон 33 шабакаи мустақили радиоиву телевизионӣ фаъолият мекунанд. 

 

5