Раҳмон: интихобот мардумро бояд бештар сарҷамъ кунад

© Sputnik / Лидия ИсамоваЭмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки интихоботи навбатӣ омили муҳимми боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мегардад.

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Итминон дорам, ки интихоботи парлумонии моҳи март дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва бо ширкати фаъолонаи интихобкунандагон баргузор мегардад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон аснои ироаи паёми солинавиаш.

Райисҷумҳури Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, ки интихоботи навбатӣ омили муҳимми боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мегардад.  

"Чунонки мардуми кишвар огоҳанд, якуми марти соли 2015 маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мешавад. Итминон дорам, ки чорабинии мазкур дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва бо ширкати фаъолонаи интихобкунандагон баргузор мегардад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ояндаи неки кишварамон бо масъулияти баланд намояндагони шоиставу арзандаи худро ба парламенти мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб менамоянд",-қайд кард сарвари давлат.

Ӯ гуфт, интихоботи навбатӣ бояд омили муҳимми боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон гардад. Фаромӯш набояд кард, ки мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ на як бору ду бор фарҳанги баланди сиёсӣ ва суннати таҳаммулгароӣ нишон додаем.

Аз натиҷаи фаъолияти ҳукумат дар соли 2014 ёдоварӣ карда, афзуд, дар соле, ки сипарӣ мешавад, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои бӯҳронӣ рушди устувори иқтисодиёти мамлакат таъмин гардида, дар бахши сармоягузорӣ, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ислоҳоту навсозиҳо идома пайдо карданд ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам тавсеаи бештар ёфтанд.

"Дар сатҳи баланд баргузор шудани ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай нишондиҳандаи беҳтарини сатҳи равобити мо бо созмонҳои бонуфузи минтақа ва ҷаҳон гардид ва Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки ҷонибдории худро ба хотири таъмини амният ва рушди ҳамаҷониба дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин густариши ҳамкориҳои судманд миёни аъзои созмон бори дигар таъкид намояд",-илова кард президент.

Раҳмон афзуд, соли 2015 инчунин як қатор чорабиниҳои арзишманди фарҳангӣ, аз ҷумла бузургдошти 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000 — солагии Ҳисори Шодмон баргузор мегарданд, ки онҳо, бешубҳа, ба тавсеаву густариш пайдо кардани ҳисси ватандориву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои неки ободкориву созандагии халқамон мусоидат хоҳанд намуд.

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон ба масоили пешорӯи кишвар дахл карда гуфт, мо ҳанӯз масъалаву мушкилоти зиёди ҳалталаб дорем, ки ҳамаи онҳоро худамон, бо шукронаи сулҳу оромӣ, Ватани соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлоламон ҳаллу бартараф месозем.

Лентаи хабарҳо
0