Бозори мошин. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон воридоти мошин коҳиш ёфтааст

3
(Таҷдидшуда 17:35 14.01.2015)
Мақомоти Идораи гумруки Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз фаъъолияти худ дар соли гузашта гуфтаанд, ки воридоти мошин дар соли 2014 нисбат ба соле пеш коҳиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Ба гуфтаи Нуриддин Маҳмадов, муъовини раиси Идораи гумрук, воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 38% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад ожонсии Авеста.

"Воридот 38% коҳиш ёфт. Яъне, дар соли 2013 ба Тоҷикистон 64 ҳазор мошин ворид карда шуда буд", — гуфтааст вай ба хабарнигорон.

Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта ба Тоҷикистон ҳудуди 46 ҳазор мошин ба маблағи наздики 255 миллион доллар ворид шудааст.

Дар Тоҷикистон феълан беш аз ним миллион мошин вуҷуд дорад. Аз мошинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, 86% тавлиди Олмон аст, ки дар миёни онҳо мошинҳои тамғаи Opel бештар мебошад.

Бештари ин мошинҳо дасти дуввум ҳастанд ва умдатан аз кишварҳои соҳили Болтик ворид мешаванд.

3
Барчаспҳо:
коҳиши воридоти мошинҳо, Идораи гумрук, Нуриддин Маҳмадов, Тоҷикистон