Боздошти қочоқчӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Хоруғ шаҳрванди Афғонистон бо 50 килограмм ҳашиш боздошт шуд

0
(Таҷдидшуда 17:34 14.01.2015)
Маводи мухаддир дар борхалтаи як шаҳрванди Афғонистон ошкор шуд.

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Беш аз 50 килограмм маводди мухаддирро кормандони пулис аз як шаҳрванди Афғонистон дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ забт карданд, хабар медиҳад сойти ВКД Тоҷикистон.

Дар хабар омадааст, ки зимни бозрасии шахсии Қурбонбек Мамадфазл аз борхалтаи вай 45,118 килограмм маводди мухаддир ошкор ва забт шудааст.

"Дар ин борхалта кормандони пулис 4,292 килограмм ҳашиш пайдо кардаанд. Вазни умумии маводи мухаддири забтшуда 50,118 килограмм аст", — омадааст дар хабари ин ниҳод.

Дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад.

Тибқи иттилоъи ВКД, аз оғози соли ҷорӣ кормандони ниҳодҳои интизомӣ беш аз 152 килограмм маводи мухаддир забт кардаанд.
Аз ҳама бештар маводи мухаддир дар қаламрави ноҳияи Мурғоби ВХБК забт шудааст. Он замон кормандони пулис аз боздоштшудагон 71, 480 килограмм ҳашиш забт кардаанд.

0
Барчаспҳо:
боздошти қочоқчиён, Вазорати корҳои дохила, Қурбонбек Мамадфазл, ВХБК, Тоҷикистон
Мавзуъ
Мусодираи ҳероин аснои амалиёти муштараки хадамоти ҶТ ва ҶҚ