Lexus-RX350. Акс аз бойгонӣ

Кашфу мусодираи 75 кило нашъа дар бағочи худрави Lexus дар Душанбе

3
Соҳиби автомобили тамғаи Lexus RX-330, ки дар дохили он кормандони пулис миқдори калони ҳашишро пайдо кардаанд, қаблан бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ҳабс шуда буд.

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Дар пайи амалиёти вижа  кормандони интизомии шаҳри Душанбе аз бордони як Lexus RX-330 миқдори зиёди маводи мухаддир дарёфт карданд, омадааст дар хабари Вазорати умури дохила.

"Аснои амалиёти фаврӣ — ҷустуҷӯӣ худрави тамғаи "Лексус RX — 330", таҳти идораи сокини 41-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт гардид, ки аз бағочаш 75 килову 290 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт шуд",- меафзояд манбаъ.

Соҳиби автомобили тамғаи Lexus RX-330, ки дар дохили он кормандони пулис миқдори калони ҳашишро пайдо кардаанд, қаблан бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ҳабс шуда буд. 

Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шуда ва таҳқиқ идома дорад. 

3
Барчаспҳо:
75 кило ҳашиш дар бордони мошини Лексус, нашъа, боздошти қочоқчӣ, вазорати умури дохила, Душанбе
Мавзуъ
Дар Ишкошим ду қочоқчии афғон бо маводи мухаддира боздошт гардиданд
Сокини Фархор бо миқдори зиёди нашъа дастгир гардид
Дар Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши нашъа ошкор гардид
Мусодираи 12 кило нашъа дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон
Ҳукми додгоҳ дар Перм алайҳи 18 тоҷикистонӣ бо ҷурми қочоқи нашъа