Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ

Зуҳуров: мо набояд коргарони оддиро аз Чин биёрем

6
(Таҷдидшуда 15:39 11.06.2015)
Ҷалби чиниҳо барои кор дар ширкатҳои марбути ин кишвар яке аз шартҳои асосии сармоягузорони Чин мебошад. Дар замони муҳоҷирати сартосарии тоҷикистониён ба хориҷи кишвар ин омил боиси нигаронии бархе аз мақомҳои баландпояи ҷумҳурӣ ва коршиносон гардидааст.

ДУШАНБЕ, 10 июня — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аснои баррасии масъалаи аз андоз озод кардани ду ширкати муштараки Тоҷикистону Чин гуфт,  мо набояд коргарони оддиро аз Чин биёрем, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Дар ҷаласаи ахири палатаи поёнии парлумони кишвар ба ду ширкати муштараки кишоварзии Тоҷикистону Чин «Ҷунтай- Хатлон синсилу» ва «Водии заррин», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон имтиёзҳои андозӣ дода, онҳоро ба маблағи $1, 9 миллион аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод намуд.

"Зимни татбиқи ин тарҳҳо бояд мардуми Тоҷикистон кор кунанд, мо набояд коргарони оддиро аз Чин биёрем, ғайр аз мутахассисон, ки онҳо ҳам бояд муввақатӣ бошанд",- афзуд раиси МН.

Ҷалби чиниҳо барои кор дар ширкатҳои муштараки марбути ин кишвар яке аз шартҳои асосии сармоягузорони Чин мебошад.

6
Барчаспҳо:
муҳоҷират, озод шудани ду ширкати чинӣ аз андоз, боҷи гумрукӣ, андоз, парламенти Тоҷикистон, Водии заррин, Ҷунтай Хатлон синсилу, Шукурҷон Зуҳуров, Данғара, Ҷилликул, Чин, Тоҷикистон
Мавзуъ
Сафири Чин: афзоиши теъдоди чиниҳо дар ҶТ ба фоидаи кишвар аст
Раҳимзода: мо аз сармоягузориҳои Чин ҳарос надорем