Оташ

Дар Душанбе 180 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

4
Маводи мухаддире, ки аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира мешавад, тибқи қарори додгоҳ дар ҳузури комисияи иборат аз намояндагони мақомоти қудративу судӣ ва хабарнигорон сӯзонида мешавад.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар дар Тоҷикистон 180 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд, менависад сомонаи АНМН.

Тавре дар сомонаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ навишта шудааст, маросими сӯзонидани маводи нашъаовар 25 июн баргузор гардидааст.

"Бо иштироки комиссияи махсус дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 180 кг 580 гр маводи мухаддир, аз ҷумла: 31кг 782 гр героин, 99 кг 520 гр афюн, 49 кг 278 гр бангдона сӯзонида шудааст", — омодааст дар сомона.

Ин миқдор маводи нашъаовар аз рӯи 7 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо қарори суд қабул гардидааст, ҷаъоварӣ ва нобуд шудааст.

4
Барчаспҳо:
180 кг, мухаддирот, маводи нашъаовар, Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар, сӯзонидан, АНМН, Душанбе