Автомобили УАЗ. Архивное фото

Абдураҳимов: мошинҳои харидаи мо махсус мебошанд

9
(Таҷдидшуда 11:34 17.07.2015)
Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфт, мошинҳои харидаи кумитаи вай махсус ҳастанд ва биноан арзиши гарон доранд.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабари харидани мошинҳои гаронарзиш аз сӯи ин Кумитаро бо қиммати бештар аз 100 ҳазор доллар барои ҳар кадоме тасдиқ кард.

Вай ки зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 16 июл сӯҳбат мекард, гуфт, воқеан ин Кумита мошинҳои вижае барои ҳолатҳои фавқулоддаро аз корхонаи истеҳсоли автомобилҳо аз Русия бидуни тендер харидорӣ кардааст.

Зимистони имсол Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар мавриди арзиши воқеии мошинҳои харидаи Кумита изҳори нобоварӣ карда буд.

"Расман мо мактуб нагирифтем дар ин бора. Аз расонаҳо хондам, ки ҳамин хел шубҳа будаст. Мутахассис даркор, ки муайян кунад, ки инҳо мошинҳои махсус ҳастанд ё нестанд? Инҳо мошинҳои махсус ҳастанд. Нофаҳмӣ бошад, аз ҷониби худи онҳост, барои фаҳмидани ин мутахассис будан даркор", — афзуд раиси Кумита.

Дар зимистони имсол Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар мавриди арзиши воқеии мошинҳои харидаи КҲФ шубҳа карда гуфта буд, ин кумитаи ду мошини махсуси тамғаи УАЗ-ро бо арзиши 114 ҳазор долларӣ ва ду мошини тамғаи ГАЗ-ро бо арзиши 126 ҳазор долларӣ ва як "Нива"-ро бо арзиши 94 ҳазор доллар харидааст.

9
Барчаспҳо:
харидорӣ, 114 ҳазор доллар, гаронарзиш, мошин, нишасти хабарӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Хайриддин Абдураҳимов, Душанбе