Дарёфт ва мусодираи 16 кг маводи мухаддир дар Тоҷикистон

© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымМаводи мухаддир.Акс аз бойгонӣ
Маводи мухаддир.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз қочоқбарон зиёда аз 2 кг ҳероини сифаташ олӣ ва 14,5 килограмм ҳашиш ёфт гардид, иттилоъ дод сухангӯи хадамоти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар Хушнуд Раҳматуллоев.

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар зиёда аз 16 килограмм маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд, хабар дод сухангӯи хадамоти матбуотии АНМН Хушнуд Раҳматуллоев.

Чуноне дар АНМН қайд намуданд, амалиёт дар се зина гузаронида шуд.

"Бо иттиҳоми даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир се сокнин шаҳри Истаравшан, ки мувофиқи маълумот ба интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор ба мамлакатҳои ҳамсоя машғул буданд, боздошт гардиданд",-гуфт ӯ.

Ба қавли Раҳматуллоев Аз қочоқбарон зиёда аз ду килограмм ҳероини сифаташ олӣ ва 14,5 килограмм ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ маълум шуд, ки яке аз дастгиршудагон соли 2007 бо ҷурми гаридши ғайриқонунии қисми калони маводи мухаддир маҳкум шуда будааст.

Аз рӯи модаи  "муомилоти ғайриқонунии қисми калони маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади қочоқ" парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Раҳматуллоев илова намуд, ки айни замон барои дастгир кардани дигар гунаҳкорони ин ҳодиса амалиёти вижа гузаронида шуда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0