Табрикти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солшарди истиқлолияти ҶТ. Душанбе 8-уми сентябр

Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷашни истиқлолият муборакбод гуфт

24
(Таҷдидшуда 13:45 09.09.2016)
Раисҷумҳур хотиррасон кард, ки истиқлолият аз ҳама неъмати бебаҳо ва муқаддас, рамзи хушбахтӣ ва ваҳдати миллӣ ва нишонаи устуворӣ ва пойдории кишвар мебошад.

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.

Дар чорабинӣ аъзои ҳукумат, роҳбарияти вазоратҳо ва идораҳо, фаъолон ва собиқадорони кишвар, сафирони кишварҳои хориҷа ва дигар меҳмонон иштирок карданд.

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сухани табрикотии худ истиқлолияти давлатиро дасторварди арзандае дар таърихи муосири халқи тоҷики бостонӣ номид, ҳамчунин  халқи кишвар ва тамоми ҳамватанони хориҷиро бо 25-умин солгарди истиқлолият муборакбод гуфт.

"Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад",- изҳор дошт раисҷумҳури кишвар.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои кишвар дар солони истиқлолият ёдовар гардид.

"Мардуми шарафманди тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар ба ин дастоварҳо ноил гардиданд",- изҳор кард Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон     Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро дар пойдории сулҳу субот ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат тақдирсоз номид ва  аҳаммияти таърихӣ доштани онро таъкид намуд.

Президенти кишвар қайд намуд, ки ба туфайли амалӣ гардидани стратегияву барномаҳои миллӣ дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамзамон бо ин, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат қариб се баробар коҳиш ёфта, аз 83 фоизи охири соли 2000-ум то 31 фоиз дар соли 2015 паст карда шуд.

Дар даврони истиқлолият шумораи аҳолии мамлакат аз панҷуним миллион то 8 миллиону 700 ҳазор нафар, яъне 1,6 баробар афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрику муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки бояд мардуми тоҷик Истиқлолияти давлатӣ ва давлати мустаъқили Тоҷикистонро неъмати бебаҳо шумурда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳамеша пос доранд.

Маҷлиси тантанавор бо консерти идона би иштироки устодони санъат ба анҷом расид.

24
Барчаспҳо:
Маҷлиси тантанавӣ оид ба ҷашни истиқлолияти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Омодагии низомиёни кишвар барои ҷашнгирии истиқлолияти Тоҷикистон