Гузашти низомӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолиятии ҶТ дар шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Гузашти низомӣ бо иштироки президент ва 15 ҳазор нафар дар шаҳри Хуҷанд

25
(Таҷдидшуда 17:38 15.09.2016)
Шоми рӯзи чоршанбе дар шаҳри Хуҷанд баъди ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” дар майдони асосии шаҳри Хуҷанд гузашти низомӣ бо иштироки 15 ҳазор нафар баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар дар шаҳри Хуҷанд иштирок кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Бино ба иттилои манбаъ дар ин чорабинии оммавӣ, ки таҳти унвони "Роҳи бахти тоҷикон" баргузор гардид, кулли иштирокдорон, аз ҷумла кӯдакону наврасон, ҷавонон, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои тандурустӣ, соҳибкорон, сохтмончиён, кишоварзон, занону духтарони ҳунарманд ва варзишгарон аз соҳибдавлативу соҳибватанӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ шукргузор буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид дошт, ки "Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллӣ гардем, бо эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ва заҳмати созанда зиндагии босаодати мардумро ба роҳ монем".

Дар чорабиниҳои тантанавӣ намояндагони ҳамаи табаҷаҳои иҷтимоии кишвар иштирок карданд.

"Дар 25 соли соҳибистиқлолии кишвар шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мунтазам зиёд гардида, соҳибкорӣ рушд кард ва дар ин замина садҳоҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд, ки ин ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ афзоиш ёфт ва дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардид",-гуфт президенти зимни суханронӣ.

Манбаъ меафзояд, ки раисҷумҳур бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки "Дастовардҳои сокинони вилояти Суғд дар замони соҳибистиқлолӣ, воқеан ҳам, боиси ифтихору таҳсин мебошанд.

Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷолибу диданӣ буд.

25
Барчаспҳо:
15 ҳазор нафар, тантанаҳои ҷашнӣ, Эмомали Раҳмон, Хуҷанд
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷашни истиқлолият муборакбод гуфт