Барф. Акс азз бойгонӣ

Сардшавии ҳаво дар Тоҷикистон: -50 дараҷа

1043
(Таҷдидшуда 10:11 13.01.2017)
Махсусан дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва ВМКБ сардӣ шиддат мегирад

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз сардшавии ҳаво хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон санаи 17-уми январ ҳарорати ҳаво махсусан паст мешавад. Дар навбати аввал сардиҳо ба ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва ВМКБ ҳуҷум мекунад.

Қайд мешавад, ки дар рӯзҳои наздик ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзона то 26-28 дараҷа  ва шабона 48-50 дараҷа паст мешавад.

Дар бастагӣ бо пастшавии ҳарорат ва сардиҳои зимистона КҲФ аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекунад, то дар роҳҳо эҳтиёт бошанд ва бе зарурат ба сафари дур набароянд. Зимни гармкунии манзилҳои зист ва корхонаҳо риояи қоидаҳои бехатариро фаромӯш накунанд.

Чанде қабл Русияро низ ҳавои сарди зимистон фаро гирифт. Ҳамин тавр шаби 7-уми январ яке аз сардтаринҳо буд. Ҳарорати ҳаво дар Маскав ва вилоятҳои назди он паст шуда, дар Клин ҳарорати ҳаво —32,7 дараҷа ва дар Волоколамск то —32,2 дараҷа сард шуд.

1043
Барчаспҳо:
-50 дараҷа, срдшавии ҳаво, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҳушдори КҲФ аз бориши борон, барфи тар ва фаромадани туман
Дар КҲФ Тоҷикистон хадамоти психологӣ ташкил мешавад
КҲФ аз омадани зимистони ҳақиқӣ ба Тоҷикистон хабар медиҳад
КҲФ-и Тоҷикистон аз боришот ва сардии ҳаво хабар медиҳад