Тоҷикистон мустақилона наметавонад аз офати табиӣ халос шавад

© Sputnik / Амир ИсаевКӯҳҳо дар роҳи Душанеб-Хуҷанд, акс аз бойгонӣ
Кӯҳҳо дар роҳи Душанеб-Хуҷанд, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ бо муроҷиат кӯмаки бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ муроҷиат кард

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вобаста бо шароити ҳавои рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон ВКХ ба кишварҳои хориҷ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ барои кӯмак муроҷиат кардааст.

Қайд карда мешавад, ки дар давраи тирамоҳӣ-замистонӣ борону барф 140-170% зиёдтар аз меъёр  борид, ки Тоҷикистонро рӯ ба офати табиӣ оварда расонид.

Ҳамин тавр, бисёре аз нуқтаҳои аҳолинишин ва роҳҳои минтақаҳои кӯҳӣ ба барфи зиёд дучор шуда,  ба хатари тарма гирифтор шудаанд. Чуноне ки аз Маркази обуҳавосанҷӣ хабар доданд, дар Тоҷикистон ҳамоно хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

зимистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳаво 35 дараҷа сард мешавад

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои мусофирони  самти Хуҷанд- Душанбе ва Душанбе —  Хуҷанд реҷаи махсус тартиб додааст. Ҳамин тавр,  метавон аз самти Хуҷанд ба Душанбе дар рӯзҳои тоқ- якшанбе, сешанбе ва шанбе сафар кард, аз Душанбе ба Хуҷанд дар рӯзҳои ҷуфт —душанбе, чоршанбе ва ҷумъа ба воситаи роҳи автомобилгард раҳсипор шуд.

Ёдовар мешавем, ки фаромадани тарма дар Тоҷикистон ҷони 7 нафарро  рабудааст.  Ғайр аз ин даҳҳо автомобил дар зери тарма мондаанд. Дар умум тибқи ахбори расмӣ, аз ҷониби наҷотдиҳандагон 800 сокин, 50 мошини боркаш ва 150 мошини сабукрав халос карда шуданд.

Тибқи фаромони президент барои наҷот додани дармонадгони ин офати табиӣ гурӯҳи махсус ташкил карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0