Тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрӣ: аз матбуот то вазорати энергетика ва институти физика

372
(Таҷдидшуда 11:16 19.03.2017)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар соҳаи матбуот, вазорати энергетика ва институти физика тағйироти кадрӣ ба амал овард

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бино ба иттилои Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ бар пояи қарори Ҳукумати ҶТ Камолова Маҳбуба Расуловна сармуҳаррири рӯзномаи "Народная газета" таъин гардид.

Бо қарори дигари ҳукумат Муминов Ҳикмат Ҳалимович аз вазифаи Директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Манбаъ меафзояд, ки Муминов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа сабукдӯш гардид.

Ҳамчунин Замонзода Мадамон Амирхон Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл раисҷумҳури Тоҷикистон бархе аз роҳбарони ниҳодҳои низомӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиро ҷо ба ҷо кард.

372
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Сафи занони вазифадор меафзояд: тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: аз таъини сафири нав то директори мактаби президентии Хоруғ
Тағйироти кадрӣ дар бархе аз сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон