Тоҷикистонро сард шудани ҳаво ва бештар шудани бориш дар пеш аст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкРоҳгузарон, акс аз бойгонӣ
Роҳгузарон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда ва эҳтимол меравад, ки бориш бештар шавад

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон барои рӯзҳои наздик дар кишвар ҳавои боронӣ пешбинӣ мекунад.

Имрӯз ҳаво абрӣ нест, аммо барои рӯзҳои таътили наздик ҳавои тағийрёбанда ва борони сахт пешбинӣ мешавад.

Дамои ҳаво рӯзона 15 то 17 дараҷа ва шабаона 8 то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҷолиб аст ки ҳавошиносон имрӯз, 23 март, Рӯзи ҷаҳонии ҳавошиносиро ҷашн мегиранд, ки дар соли 1961 бо ибтикори Созмони миллали муттаҳид чунин ном гирифтааст. Дар ҳамин рӯз буд ки дар соли 1950 Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ ташкил шуда ки ҳамакнун 185 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро дар бар мегирад. Имсол Рӯзи ҷаҳонии ҳавошиносӣ ба мавзуъи "Пажӯҳиши абрҳо" бахшида шудааст.

Нахустин маркази ҳавошиносӣ дар қаламрави кунунии Тоҷикистон дар нимаи дувуми садаи 19 ташкил шуда буд. Ҳамакнун дар Тоҷикистон ду маркази ҳавошиносӣ — яке дар Қурғонтеппа ва дигаре дар фурудгоҳи Хоруғ фаъол ҳастанд ки шомили Сомонаи ҷаҳонии назорати иқлим мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0