РоҳТоза кардани роҳ аз барф

Ағбаи Кӯҳтезак боз аст: хабари дар мондани ронандаҳо кӯҳна шудааст

57
(Таҷдидшуда 19:02 21.04.2017)
Ба гуфтаи сухангӯи раиси ВМКБ видеои банд мондани ронандагон дар ағбаи Кӯҳтезак кӯҳна шудааст ва ҳоло ҳаракати мунтазами худравҳо таъмин аст

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Нилуфар Асламшоева дар дар посух ба саволи Sputnik Тоҷикистон, ки ҳоло вазъияти роҳ дар ағбаи Кӯҳтезак чӣ гуна аст, ҷавоб дод роҳи ағба кайҳост, ки тоза карда шудааст ва хабари дар мондани ронандаҳо кӯҳна аст.

Ба гуфтаи сухангуи раиси вилояти Кӯҳистони Бадахшон видеое, ки хабаргузории "Азию Плюс" мунташир кардааст, 7 апрел филмбардорӣ шуда, на 15-уми апрел, чуноне ки расонаҳо гузориш додаанд.

"Ҳоло баъди тамомшои навор мо фаҳмидем, ки  банд мондани ронандаҳо 15-уми апрел набуда, дар худи навор гуфта мешавад, имрӯз 7-уми апрел аст", — мегӯяд Нилуфар Асламшоева.

Ба гуфтаи вай, ҳоло ҳаракати мунтазами худравҳо таъмин аст ва яке аз троктурҳои муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳо аз ноҳияи Шуғнон ба кӯтали Кӯҳтезак фиристода шудааст.

Сухангӯи раиси ВМКБ афзуд, ки зарурат ба тоза кардани роҳ дар ин минтақаъ вуҷуд надорад ва роҳ тоза аст.

Ба гуфтаи Нилуфар Асламшоева дар кӯтали Кӯҳтезак одатан бориши зиёди барф ба назар намерасад, балки боди шадид садди роҳи ронандагон мешавад.

57
Барчаспҳо:
шамол, бориши барф, роҳ, ВМКБ, Тоҷикистон