Дороият аз куҷост: раисони ҶТ ҳар сол аз даромади худ гузориш хоҳанд дод

© SputnikЗдание парламента Таджикистана, архивное фото
Здание парламента Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи қонуни нав аъзоёни ҳукумат ва аҳли оилаи онҳо вазифадор мешаванд, ҳар сол дар бораи дороии худ гузориш диҳанд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Имрӯз, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун  "Дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул кард, ки бар асоси он даромади наздикони аъзои ҳукумат зери назорат гирифта мешавад.

Акнун ҳар як  аъзои ҳукумат ва аҳлу оилаи онҳо вазифадоранд, ки ҳар сол эъломияи дороияшонро пур карда ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл қонуни ёдкарди савганд ҳар як аъзои ҳуумат қаблу гардида буд.

Мувофиқи он ҳар як аъзои ҳукумат бояд қабл аз шурӯъ ба адои вазифа бо пои рост савганд ёд кунад.

Барои савгандшиканӣ бошад, аъзоёни ҳукумат ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд.

Дар ҳукумати Тоҷикистон наздики 19 ҳазор кас фаъолият доранд, ки 22 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0