Раисҷумҳур ба шаҳри Ваҳдат меравад: 14 соати роҳбандӣ ва ҷашни Ваҳдат

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон сегодня посетил джамоат Алмоси Гиссарского района
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон сегодня посетил джамоат Алмоси Гиссарского района - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 27 июн ба муносибати 20 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат бо ширкати раисҷумҳур ҷашни бошукӯҳ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар ин росто Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҷиҳати таъмини амнияти меҳмонони ҷашнвора 27 июн ҳаракати ҳама гуна нақлиёт дар шаҳри Ваҳдат маҳдуд мешавад.

"Аз соати 07:00 то соати 21:00 дар шаҳри Ваҳдат ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад", — омадааст дар хабарнома.

Тарона, рақс, фейеверк: Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе таҷлил шуд - Sputnik Тоҷикистон
20-солагии Ваҳдати миллӣ: ҷашни асосӣ дар шаҳри Ваҳдат мегузарад

БДА аз ронандагон даъват мекунад, ки дар ин рӯз аз роҳҳои иловагии зерин истифода баранд:

Аз Кӯлоб ба Душанбе, — Данғара — Қӯрғонтеппа — Душанбе, — ағбаи Чормағзак — Ёвон — Душанбе; — деҳаҳои Бостон (Эскигузар) — Абдулообод — Карим Исмоил — Мулло Давлат (Телман)-и шаҳри Ваҳдат — Ленингради ноҳияи Рудакӣ — Душанбе;

Аз водии Рашт ба самти шаҳри Душанбе: — деҳаҳои Меҳробод (Қарабулоқ)-и Файзобод — Бостон (Эскигузар) — Абдулообод — Карим Исмоил — Мулло Давлат (Телман)-и шаҳри Ваҳдат — Ленингради ноҳияи Рӯдакӣ — шаҳри Душанбе;

Аз шаҳри Душанбе ба  Кӯлоб ва водии Рашт: — хиёбони Ленингради ноҳияи Рӯдакӣ — деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) — Карим Исмоил — Абдуллообод — Бостон (Гургхӯрда)-и Ваҳдат; — маҳаллаи Обшорон — заводи шифери километри 9-ум — деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) — Карим Исмоил — Абдуллообод — Бостон (Гургхӯрда)-и шаҳри Ваҳдат.

Лентаи хабарҳо
0