Таъйиноти кадрӣ: се амри Эмомалӣ Раҳмон

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба амри раисҷумҳури Тоҷикистон, Аҳмадҷон Ҳасанзода мудири Котиботи сарвазир ва Масрур Абдуллозода мушовири бахши Ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин шудаанд. Фаромуз Имомбердиев аз симаташ барканор шуд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои се амр чанде аз масъулини давлатро ҷобаҷо кард.

Чунончи, бино ба Эмомалӣ Раҳмон бо амре Аҳмадҷон Ҳасанзодаро мудири котиботи сарвазири ҶТ ва Масрур Абдуллозодаро мушовири бахши Ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин кард.

Ҳамчунин бо амре дигар Фаромуз Имомбердиевро аз симати машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шурои амнияти ҶТ озод кардааст.

Ёдовар мешавем, 1 август Эмомалӣ Раҳмон раисони додгоҳҳои бархе аз шаҳру навоҳии кишварро бо далели расидан ба синни бознишастагӣ озод карда буд.

Лентаи хабарҳо
0