Ҳайвонпарварӣ ё чорводорӣ: Маҷлиси намояндагон чорворо аз ҳайвон фарқ накард

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкФермерское хозяйство в Чеченской Республике
Фермерское хозяйство в Чеченской Республике - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагон дар назар дорад Қонуни ҶТ "Дар бораи зотпарварӣ"-ро ислоҳ карда дар он вожаҳои "ҳайвон", "ҳайвонҳо" ва «ҳайвонот"-ро бо вожаҳои "чорвои кишоварзӣ" ва "чорвои зотии кишоварзӣ" ҷойгузин кунад

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Маҷлиси намояндагон имрӯз пешнависи ислоҳи Қонуни зотпарвариро баррасӣ кард. Намояндагон дар назар доштанд Қонуни зотпарвариро бо дигар қонунҳо созгор кунанд ва ба ин манзур вожаҳои "ҳайвонот", "ҳайвони", "ҳайвонҳои" ва "ҳайвон"-ро дар он бо вожаҳои "чорво", "чорвои кишоварзӣ", "чорвои зотии кишоварзӣ" ҷойгузин кунанд.

Аммо ин мавзуъ баҳсеро падид овард. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар баррасии ин тарҳ пурсид, ки дар санадҳои қонунгузорӣ кадоме аз ин ду истилоҳ — "чорводорӣ" ё "ҳайвонпарварӣ" беҳтар аст.

"Агар истилоҳи "чорводорӣ"-ро, ки муаллифони тағйироту иловаҳо пешниҳод мекунанд, қабул кунем, саволе ба миён меояд, ки оё метавон моҳӣ, занбӯри асал ва паррандаҳоро чорво номид ё ин ҷо истифодаи калимаи "ҳайвонпарварӣ" беҳтар аст?", — пурсид вай.

Намояндагон ин мавзуъро ба баҳс кашиданд, аммо ба натиҷае даст наёфтанд. Афзун бар ин, ҳангоми баҳсу мунозира дар ин мавзуъ Олим Салимзода бар иштибоҳе ишора кард, ки дар тарҳи ислоҳи қонун оварда шудааст.

"Муаллифони лоиҳа барои зоти ҳайвонот ибораи "авлоди чорво"-ро ба кор бурданд, вале калимаи "авлод" танҳо барои инсон ба кор меравад, на барои ҳайвонот", — гуфт Салимзода.

Дар паи ин баҳсу мунозира қарор шуд, ки ин мавзуъро аз забоншиносон бипурсанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон пешниҳод кард, ки ин пешнавис бо ҳамин истилоҳот тасвиб шавад. "Қарор доир ба ин масъаларо ман танҳо пас аз пайдо кардани истилоҳи дақиқу ҳамаписанд имзо хоҳам кард", — гуфт Зуҳуров.

Лентаи хабарҳо
0