Пас аз марги писар: модари Дилноза Каримова вафот кард

Обуна шудан
Модари овозхони маъруф Дилноза Каримова дар синни 61-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Матлуба Розиқова, модари Дилноза Каримова — овозхони машҳури тоҷик дар 61-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузаштааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки ӯ соати даҳи шаби шанбе вафот кардааст.

Бино ба гузориш Матлуба Розиқова рӯзҳои охир бемор будааст ва марги Диёрбек Аминҷонов, писари панҷсолаи Дилноза Каримова, ӯро ба тамом аз пой афтондааст.

Қарор аст, маросими ба хоксупории Матлуба Розиқова рӯзи якшанбе баргузор шавад.

Модари Дилноза Каримова дар ҳоле даргузашт, ки ин овозхон шаби 31-уми декабри соли гузашта писараш Диёрбекро аз даст дод. Диёрбек Аминҷонов бо бемории саратони буғум 28-уми октябри соли 2017 дар як клиникаи шаҳри Бишкек бистарӣ шуд ва барои идомаи даври навбатии муолиҷа шаби 31-уми декабр ба пойтахти Ҳиндустон — Деҳлӣ парвоз кард.

Пас аз чанд соати расидан ба бемористон кӯдак вафот кард.

Лентаи хабарҳо
0