Конипбодом, акс аз бойгонӣ

Фаъолони шаҳри Конибодом соли гузаштаро ҷамъбаст карданд

34
(Таҷдидшуда 19:26 12.01.2018)
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2017 маҷлиси фаъолон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Фаъолони шаҳри Конибодом дар як маҷлис дастовардҳои соли гузаштаро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати виляоти Суғд.

Дар маҷлиси фаъолон, ки бо иштироки сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳаким Ҳакимзода доир шуд, Илҳом Ҳомидӣ, муовини раиси шаҳр доир ба бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр давоми соли сипаригашта гузориш дод.

Бино ба иттилои Илҳом Ҳомидӣ соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 95,9 фоиз, андози иҷтимоӣ 93,3 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,6 фоиз таъмин гардид. Аз 12 намуди сарчашмаи андозҳо (бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) иҷроиши 9 намуди андозҳо таъмин карда шуд. Аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи 3 намуди андоз ба буҷет 4 млн. 837 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Соли 2017 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 193 млн. 849 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш 150,3 фоиз ва нисбати уҳдадории қабулшуда 3 млн. 849 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзон ба маблағи 331 миллиону 369 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

Соли гузашта ҳамзамон аз ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ сохтмони 21 адад иншооти таъиноташон гуногун ба маблағи 7 миллиону 314 ҳазор сомонӣ ва таъмири 10 адад бино ва иншооти маданию фарҳангӣ ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуд.

"Сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳаким Ҳакимзода зимни суҳбат бо фаъолони шаҳр доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят иттилоъ дод. Мавсуф аз фаъолони шаҳр даъват ба амал овард, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои алоҳидаи шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёти мардум саъю кӯшиш намоянд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ дар фароварди маҷлиси фаъолон таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри иҷрои нишондодҳои Паёми Араисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷалб намуда, ба масъулин дастур дод, ки барои соҳиб шудан ба нишондиҳандаҳои назаррас дар соли ҷорӣ аз тамоми имконот ва сарчашмаҳо истифода намоянд.

34
Барчаспҳо:
фаъолон, Конибодом, Тоҷикистон