Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрии куллӣ: раисҷумҳур боз ҳафт масъули ниҳодҳои баландпояро барканор кард

2552
Ҳамагӣ се рӯз пештар Эмомалӣ Раҳмон чанд масъулини ниҳодҳои Тоҷикистонро ҷо ба ҷо карда буд

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар ҳафтаи ҷорӣ ва дар соли нав бори дуввум аст, ки кишвардори Тоҷикистон масъулини кишварро ҷо ба ҷо мекунад. 

Рӯзи 10-уми январ дар бораи аз мақомҳои худ рафтани раиси ноҳияи Варзоб, Директори Агентии стандартизатсия, Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва чанд додраси дигар хабар дода шуд.

Ниҳоят имрӯз бо як фармони раисҷумҳур раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ, ки чанд моҳ пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари барканоршавиаш паҳн шуда буд, бознишаста шуд.

Дафтари матбуотии раисҷуҳури Тоҷикистон баробари раиси вилояти Суғд аз барканории шаш масъули дигар хабар дод.

Ҳамин тавр, бо фармони рақами 984-уми президент Назаров Ҳомидҷон Темурович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса озод шуд.

Бо фармони рақами 987-уми Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ҳам барканор гардид. Ҳакимзода Қурбон Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва дар ин бора фармони раисҷумҳур ба барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Дар қарори рақами 16 раиси Ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон омадааст: "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Бо сабаби таҷдиди сохтори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад".

Ба ҳамин далел Таваров Ниматулло Ҳукматуллоевич аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва назорати тухмии Вазорати кишоварзии ҶТ, Муҳсинзода Ғафур Муҳсин аз вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ,  Бекмуродзода Султон Бекмурод аз вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуданд.

2552
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон