Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, министр иностранных дел РФ Сергей Лавров и глава МИД Таджикистана Сироджиддин Аслов (слева направо). Архивное фото

Коршиносон: Дар ИИА Тоҷикистон бояд аз мавқеъи худ дифоъ кунад

11
(Таҷдидшуда 16:55 11.02.2016)
Барои вуруди Тоҷикистон ба ИИА (ЕАЭС) тавофуқи сиёсӣ дар мавриди манофеи мутақобила ва тааҳуди муштарак, инчунин кафолати иҷрои ӯҳдадориҳо дар доираи ҳамгироӣ зарур аст.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Татбиқи лоиҳаҳои энергетикии барои Душанбе муфид ва рафъи ихтилофи назар бо Ӯзбакистон  аз ҷумлаи умдатарин масоили марбут ба баҳси шомилшавии Тоҷикистон ба ИИА мебошад, менависанд муаллифони гузориши ҳамгироии Тоҷикистон бо иттиҳоди иқтисодии Авруосиё.

Узвият ба ИИА барои истеҳсолкунандагони тоҷик кулли мавонеъ ва мушкилотро дар бозори дастёбӣ ба мол аз байн мебарад, аммо ҷомеъа бояд паҳлӯҳои мусбат ва манфии ин равандро ба назар бигирад. Таҳлилгарони вазъи Тоҷикистон бар ин бовар буда, чанде пештар гузориши назариявӣ-таҳлилии клуби таҳқиқотии Осиёи Марказӣ таҳти унвони "Ҳамгироии Авруосиёии Тоҷикистон: нақшаи роҳ барои ҷомеъаи мутахассисон "-ро ба нашр расониданд.

"Душанбе бояд ба барқарории  муносибати мутавозин ва иҷрои ӯҳдадориҳои судманд  бо дигар аъзои ИИА, пеш аз ҳама бо Русия ба тавофуқ бирасад. Тавозун ба он асоснок шавад, ки Русия дар ҳоли ҳозир аз нуқтаназари геополитика  ба Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар бахши иқтисод бо Русия вобастагӣ доранд ",-омадааст дар гузориш.

Муаллифон бар ин назаранд, ки Душанбеи феълӣ заъфиятҳое дар масири гуфтушунид бо ҳамтоёнаш аз ИИА дорад. Ин мушкил қабл аз ҳама ба камбуди иттилои саҳеҳу дақиқ дар бораи имкониятҳои мусбати ҳамгироӣ рабт дорад.

"Татбиқи лоиҳаи барои Душанбе манфиатовар- лоиҳаҳои энергетикӣ, инчунин бартараф сохтани мушкили муносибат бо Ӯзбакистон, ҳалли мусбати масоили муҳоҷирони тоҷику мақоми онҳо дар кишварҳои узви ИИА, ҷуброни масрафоти кӯтоҳмуддати боҷҳои гумрукӣ аз мавзӯҳои аслӣ маҳсуб мегарданд",- қайд шудааст дар гузориш.

Аъзои Иттиҳоди гумрукӣ — Русия, Беларус ва Қазоқистон аз оғози соли 2015 Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро таъсис медиҳанд ва интизор меравад, ба дунболи Арманистон то поёни сол Қирғизистон низ ба ин эътилоф ҳамроҳ хоҳад шуд. Вобаста ба ин масъалаи ба ИИА шомил шудани Тоҷикистон ва ҳамгироӣ бо ин ташкилоти авруосиёӣ гуфтумонҳо дар ҷомеъа зиёд ба назар мерасад.   

11
Барчаспҳо:
гумрук, ҳамкории иқтисодӣ, ИИА, ҳамгироӣ, Тоҷикистон, ЕАЭС, Авруосиё, таҳлилгарон, ҳамгироӣ, Тҷикистон, ЕАЭС, ИИА