Начало строительства газопровода Южный поток. Архивное фото

Русия аз бунёди лӯлаи гази “Ҷануб” даст кашид

6
(Таҷдидшуда 16:49 11.02.2016)
Русия хати нави низом ва интиқоли газро месозад. Таҳлилгарон мегӯянд, тибқи тарҳи нав бартарӣ ба баҳраварии иқтисодӣ дода мешавад, на мисли собиқ ба ягонагии низоми энержӣ.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Русия барои он аз бунёди лӯлаи гази самти Ҷануб даст кашид, ки Булғористон ба ин тарҳ мухолифат дошт ва мавқеъи Комиссияи Аврупо ҳам норӯшан монд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Сохтмони лӯлаи интиқоли гази "Ҷануб"  7 декабри соли 2012 оғоз гардида, соли 2015 бояд ба анҷом мерасид. Ин хати интиқол мебоист аз минтақаи Анапа ва аз зери Баҳри Сиёҳ гузашта дар бандари Варнаи Булғористон пайваст мешуд.

Пешбинӣ карда мешуд, ки интиқоли газ тариқи лӯлаи бунёдшаванда барои кишварҳои истифодабаранда дар Аврупо манфиатовар буда, нархи гази табииро арзон мекунад. Гузашта аз ин, вобастагии кишварҳои аврупоӣ аз давлатҳои ҳамлу нақлкунанда (Украина ва ва Туркия) коҳиш медиҳад.

Парлумони Аврупо 17 апрели соли 2014 ҳалномаеро тасвиб кард, ки тибқи он ба кишварҳои аврупоӣ тавсия мешавад, аз идомаи бунёди хати интиқоли гази "Ҷануб" худдорӣ намоянд.

Мо бо роҳи дигар меравем…

 Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аснои сафараш ба Туркия ва мулоқот бо Реҷеп Тайиб Эрдоған эълон кард, ФР аз сохтмони лӯлаи гази самти Ҷануб даст хоҳад кашид, зеро Иттиҳодияи Аврупо бо сохтмони он мухолиф аст. Президенти Русия  ин нуктаро дар Анқара, 1 декабр баён дошт.

Туркия ва Русия 8 санади ҳамкориро ба имзо расониданд, ки яке аз ин ҳуҷҷатҳо Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни "Газпром" ва ширкати туркии BOTAS дар бораи бунёди лӯлаи интиқоли газ аз зери Баҳри Сиёҳ ба самти Туркия мебошад. Ин хати интиқол зарфияти 63 миллиард метри мукааб газро дошта, 14 миллиарди он барои эҳтиёҷоти Истамбул сарф мешавад.

Владимир Путин гуфт, ки ба сабаби мухолифати ҳукумати Булғористон ва норушанӣ дар мавқеъи Иттиҳодияи Аврупо ба ин тарҳ сохтмони он боздошта мешавад.

Ба қавли Путин, хисороти молиявии Булғористон аз боздоштани бунёди ин тарҳ ҳудуди 400 миллион евро дар як сол мебошад ва София метавонад барои пардохти ҷуброни зарар ба Комиссияи Аврупо шикоят барад.

"Агар Булғористон аз  имконияти муаррифӣ кардани худ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол маҳрум шуда бошад, аққалан, имкон дорад барои пардохти ҷуброни зарари солона, ки он 400 миллион евроро ташкил медиҳад ба Комиссияи Аврупо шикоят барад",- афзуд ӯ.

Алексей Миллер, роҳбари "Газпром" бозгашти дубораи Русияро  ба бунёди лӯлаи гази "Ҷануб" аз ҳақиқат дур эълом кард.

Ҳамзамон, Александр Новак, вазири энергетикаи Русия иброз дошт, ки аз ин баъд низ ФР тамоми шартҳои ба зимма доштаашро ҳангоми интиқоли газ ба кишварҳои аврупоӣ иҷро хоҳад кард.

Бурди Туркия ва бохти Аврупо?

Туркия дар бораи як чунин тарҳ чанд сол боз орзу мекард, гуфт Алексей Гривач, муовини сарвари кулли Бунёди миллии амнияти энержӣ.

Гап дар бораи 10 миллиард метри мукааби газ дар як сол меравад. "Ворид гардидани гази Русия вазъро ба куллӣ метавонад тағйир бидиҳад, ин боз ҳамон лӯлаи "Ҷануб" аст, аммо на ба самти Булғористон, балки ба тарафи Туркия. Инро метавон лӯлаи "Кабуд" ва ё пружаи ҷадид ном бурд, ё ҳар гунае ки мехоҳед",- илова кард Гривач.

Ба гуфти Валерий Нестеров, коршиноси "Сбербанк КИБ", аврупоиҳо бо эҷоди мушкил дар бунёди тарҳи мазкур "ба пои худашон тир андохтанд".

6
Барчаспҳо:
Газпром, Аврупо, газ, Анқара, Новак, Туркия, Эрдоған, Миллер, Путин, Булғористон, лӯла, Ҷануб, Русия