Здание парламента Узбекистана, архивное фото

САҲА интихоботи Ӯзбакистонро идорашаванда номид

4
(Таҷдидшуда 10:14 23.12.2014)
Ҳизбҳои сиёсӣ 135 курсиро дар ихтиёри худ гирифтанд. Аммо тибқи қонунҳои Ӯзбакистон, 15 курсии дигар “ҳаққи” Ҷунбиши зистмуҳитии ин кишвар аст, ки бидуни интихобот ба парлумон роҳ меёбанд.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар интихботи парлумонии Ӯзбакистон, ки 21 декабр баргузор шуд, бештарин раъйи мардумро Ҳизби либерал-демократии ин кишвар ба даст овард, менависад сомонаи 12news.uz.

Раиси Кумисиёни марказии интихоботии Ӯзбакистон (КМИӮ), Мирзо-Улуғбек Абдусаломов гуфтааст, либерал-демократҳо аз 150 курсии парлумон 47 — торо соҳиб шудаанд. Баъдан, Ҳизби демократии Ӯзбакистон «Миллий тикланиш» — 28 курсӣ, Ҳизби халқӣ — демократии Ӯзбакистон — 21 ва Ҳизби сотсиал — демократии Ӯзбакистон бо номи «Адолат» — 17 курсии парлумонро соҳиб шудааст.

Ба ин тартиб, ҳизбҳои сиёсӣ 135 курсиро дар ихтиёри худ гирифтанд. Аммо тибқи қонунҳои Ӯзбакистон, 15 курсии дигар "ҳаққи" Ҷунбиши зистмуҳитии ин кишвар аст, ки бидуни интихобот ба парлумон роҳ меёбанд.

КМИӮ ширкати шаҳрвандони Ӯзбакистонро дар интихобот беш аз 88 дарсад баровард карда, худи интихоботро "шаффоф, қонунӣ ва қадами ҷиддие барои равнақӣ демократия" номидааст.

Аммо гурӯҳи нозирони САҲА, ки бар ҷараёни интихоботи порламонии Ӯзбакистон назорат мекарданд, мегӯянд, "ин интихобот комилан идорашаванда буд ва дар он рақобати интихоботӣ ва мунозира аслан мушоҳида намешуд".

Дар эъломияе, ки 22 декабр Даан Эвертс-раҳбари гурӯҳи маҳдуди нозирони САҲА ба нашр расонд, омадааст, ки озодии баён ва ҳамкориҳо барои баргузории интихоботи озоду одилона муҳим аст.

САҲА гуфтааст, бо вуҷуди он ки дар интихобот 4 ҳизби сиёсӣ ширкат доштанд, вале амалан ҳамаи ин ҳизбҳо аз Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ҷонибдорӣ мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, аҳзобу ҷунбишҳои мухолифи давлати Ӯзбакистон низ интихоботи порлумонӣ дар ин кишварро "интихоботи арӯсакҳо ё дастнишондаҳо" баҳо додаанд.

Аз ҷумла, Ҷунбиши мухолифи давлати "Халқ Ҳаракати" (Ҷунбиши Мардумӣ) зимни як баёния ин интихоботро ғайриозод ва ғайридемократӣ хонда ва мардуми Ӯзбакистонро ба байкот ё таҳрими он даъват кардааст.

"Дар зарфи 25 солу 6 моҳ мардуми ӯзбак дар вазъияти фавқулодда ба сар бурда ва дар ин муддат захоири моддию маънавии мардум рӯ ба фаношавӣ аст. Дар ҷомеа ҷаҳолат ва навмедӣ ҳукмрон буда ва дар чунин шароит баргузор кардани интихоботи озод ва демократӣ ғайримумкин аст", — омадааст дар баёнияи ин ҷунбиш.

Ҳизбҳои мухолифи кишвар умдатан дар хориҷ аз Ӯзбакистон фаъолият карда ва аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳруманд.

Қарор аст, дар муддати 6 моҳи пас аз интихоботи порлумонӣ бояд дар ин кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ низ анҷом шавад.

Ислом Каримови 77-сола, раиси ҷумҳурии феълии Ӯзбакистон эълом доштааст, ки нияти ширкат дар ин интихоботро дорад.

4
Барчаспҳо:
ғайридемократӣ, ғайришаффоф, шаффоф, натиҷагирӣ, интихоботи парлумонӣ, парламент, САҲА, Мирзо-Улуғбек Абдусаломов, Ӯзбакистон