Нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергия дохил шуд

28
Шурӯъ аз соли 2011 то 2015 Тоҷикистон 99,56% энергияро аз манбаъҳои “сабз” истеҳсол кардааст. Бо чунин нишондод ҷумҳурӣ дар зинаи шашуми рейтинги кишварҳои ҷаҳон қарор гирифт.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Тоҷикистон ба қатори кишварҳои ҷаҳон аз рӯи фоизи истеҳсоли нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда қарор гирифт, иттилоъ дода мешавад дар торномаи Бонки ҷаҳонӣ.

Дар харитаи интерактивӣ кишварҳое, ки фоизи истеҳсоли нерӯи барқашон аз сарчашмаҳои барқароршаванда аз 80% зиёд аст дарҷ гардидаанд.

Тоҷикистон ҷои шашумро соҳиб шуд. Шурӯъ аз соли 2011 то 2015 Тоҷикистон 99,56% энергияро аз манбаъҳои "сабз"  истеҳсол кардааст.

Боиси ёдоварист, ки ин нишондод нисбати солҳои 2006-2010 ба андозаи 0,21% коҳиш ёфтааст.

Зинаҳои аввалро Албания ва Португалия ишғол кардаанд, ки дар ин кишварҳо нерӯи барқ ба андозаи 100% аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад. Ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф дар рейтинг ҳамчунин Исландия (99,98%), Мозамбик (99,86%) ва Замбия (99,70%) дохил шудаанд.

"Рақиб"-и наздиктарини Тоҷикистон дар рейгинг аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қирғизистон мебошад. Дар ин кишвар 93,48% нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда истеҳсол мешавад.

Баъди Қирғизистон дар рейтинг Узбакистон (21,35%) ва Қазоқистон (8,38%) ҷой гирифтаанд. Дар боари Туркманистон маълумот дода намешавад. Русия бошад 15,56%-и нерӯи барқро аз сарчашмаҳои барқароршаванда истеҳсол менамояд.

 

28
Барчаспҳо:
истеҳсоли нерӯи барқ, ҷои шашум, рейтинг, Бонки ҷаҳонӣ