Бозаргонони "Корвон" мегӯянд, бозорро оташ задаанд

© SputnikРынок в Душанбе "Корвон"
Рынок в Душанбе Корвон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони бозор бар ин боваранд, ки "Корвон"-ро оташ задаанд, зеро соати 15:30 барқро дар бозор хомӯш карда буданд. Аммо оташсӯзӣ соати 20:30 сар зада, замоне, ки шабакаи барқ ҳеч шиддате надошт

ДУШАНБЕ, 4 июл  - Sputnik, Иззат Латиф. Дукондорону кормандони бозори "Корвон" мегӯянд, бозорро оташ задаанд.

Бино ба додаҳои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, ин сӯхтор дар паи оташ задани бозор сурат гирифтааст. Ба гуфти онҳо, соати 15:30 барқро дар саросари бозор хомӯш карда буданд, вале оташсӯзӣ соати 20:30 сар задааст. Дар он соат шабакаи барқ шиддате надошта, ки оташ бигираду бозорро бисӯзонад.

Пожарный, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бори шашум: Тафсилот аз сӯхтор дар бозори "Корвон"

Шоҳидони сӯхтор, ки дар ростаҳои 6-ум ва 7-уми бозор кор мекунанд, далоилеро, ки мақомот пеш овардаанд, радд мекунанд. Чунончи, Мухтор ном дукондоре мегӯяд, ки ҳечгуна иттисоли кӯтоҳе рух надодааст.

"Барқро дар бозори соати 15:30 хомӯш мекунанд. Аммо сӯхтор соати 20:30 сар задааст. Аз ин рӯ, ман гумон дорам, ки ин бор ҳам чун пештар бозорро оташ задаанд", — исрор дорад вай.

Умар ном дукондоре бисёр ғамгин аст. Ӯ дар ростаи 6-ум се дукон дошт.

Пожар на рынке Корвон - Sputnik Тоҷикистон
Чӣ тавр сӯхтори "Корвон"-ро хомӯш карданд

"Оташ дар оғоз чандон баланд набуд ва мо метавонистем колоҳоямонро аз оташ наҷот бидиҳем. Вале милиса ростаҳои бозорро иҳота карда буд ва намегузошт ки мо дарун дароем. Иҷоза надоданд, чизеро берун биёрем. Ҳоло чи, ки иҷорабаҳоро аз мо нахоҳанд гирифт. Мо дигар коло надорем ва пуле ҳам надорем. Камобеш ҳама бозаргонҳои "Корвон" аз бонкҳо вом гирифтаанд. Ҳоло чигуна ин вомҳоро бар мегардонанд, агар коло надоранд!", — гила мекунад вай.

Бисёре аз шаҳриёнро дилашон барои касоне месӯзад, ки дар ин сӯхтор ҳама пулу молашонро аз даст додаанд.

"Бечораҳо, акнун чи мекарда бошанд? На пуле доранду на моле. Агар ҳам колоҳояшон бима шуда бошад, бимаашонро пардохт нахоҳанд кард. Ман то кунун нашнидаам, ки касе аз ширкатҳои бима пуле дарёфт карда бошад", — мегӯяд Назира ном шаҳрванде.

Яке дигар аз дукондорон Ситора ном мегӯяд, ки 400 тоҷир дар ин оташсӯзӣ сахт хисорат дидааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки ду ҷавон дар ин сӯхтор сахт захм бардоштаанд. Яке аз онҳо дар бемористон бистарӣ шуда, вале дигарашонро то кунун пайдо накардаанд.

Роҳро бастаанд

Хиёбон то бозор баста аст. Мардум маҷбуранд дар гармои 36 дараҷа то як килуметр роҳро пиёда бираванд. Фурӯшандаҳо бекор нишастаанд. Харидор кам аст. Аммо бозор пур аз милисаҳост. Кормандони нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ бо мардум бархӯрди хубе надоранд. Намегузоранд касе ба ростаҳои 6-ум ва 7-ум наздик шавад. Яке аз милисаҳо бо оҳанге дағал тавзеҳ медиҳад, ки "инҷо макони стротегӣ ва махфӣ аст ва ҳузури рӯзноманигорон дар инҷо мамнуъст".

Рустам Эмомали на строительстве новой школы - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ ба тоҷирони “Корвон”: ду сол аз пардохти иҷора озод мешавед

Бисёре аз бозаргонон аз нигаҳбонии бозор ҳам шикоят доранд. Саодат яке аз тоҷиронест, ки дуконҳояшон дар растаи 7-ум сӯхтаанд. Вай мегӯяд, ки пеши ҳар дарвозае дар ҳар роста як нигаҳбон истода, вале чаро корашонро дуруст анҷом намедиҳанд, ҳарчанд муздашонро аз бозор мегиранд ва хӯроку пӯшокашон низ ройгон аст.

"Онҳо рӯзи дароз бекор меистанд ё мехобанд", — мегӯяд вай.

Сафар ном яке аз шоҳидони оташсӯзӣ аз кори оташнишонҳо нохушнуд аст.

"Оташнишонҳо зуд расиданд, вале метарсиданд, ки ба оташ наздик шаванд. Обро аз дурӣ мепошиданд ва гоҳе танҳо чакраҳое ба оташ мерасид", — бо шигифтӣ мегӯяд вай.

Оташсӯзӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон рухдоде пурбасомад шудааст. Чунончи, танҳо дар як моҳи май дар ноҳияи Фархор ду бозор оташ гирифт. Аммо мақомот дар ин бора камтар гузориш медиҳанд.   

Лентаи хабарҳо
0