Ҳавопаймоҳои нерӯи ҳавоии Афғонистон 25 ҷангии ДИИШ-ро нобуд карданд

© Sputnik / Талгат КалиевНерӯи ҳавоии Амрико дар Ироқ
Нерӯи ҳавоии Амрико дар Ироқ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳҳои ахир вазъ дар Афғонистон шиддат ёфтааст. Ҷунбиши ифротии "Толибон", ки манотиқи назарраси баъзе аз манотиқи ин кишварро дар даст дорад, рӯй ба шаҳрҳои бузурги Афғонистон овардааст.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нерғҳои амнияти миллии Афғонистон дар Нангарҳор наздик ба 60 узви созмони террористии ДИИШ кушта ва захмӣ шудаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Khaama Press бо истинод ба Вазорати дифои ин кишвар.

Ба иттилои Вазорати дифои Афғонистон, дар ин ҳамлаҳо бо шумули ду фармондеҳи ДИИШ Абдулхолиқ ва Саид Иморотӣ  25 узви ин созмон ҳам кушта шудааст.

"31 нафари дигар захмӣ шудаанд", афзудааст манбаъ.

Моҳҳои ахир вазъ дар Афғонистон шиддат ёфтааст. Ҷунбиши ифротии "Толибон", ки манотиқи назарраси баъзе аз манотиқи ин кишварро дар даст дорад, рӯй ба шаҳрҳои бузурги Афғонистон овардааст.

Ҷангиёни "Толибон" дар пайи як амалиёти ҳафтрӯзаи худ шаҳристони Гармачи вилояти Бодғис дар шимоли Афғонистонро тасарруф карданд. Сабаби ин, коҳиши теъдоди кормандони пулис арзёбӣ гардид.

Дар пайи ин ҳодиса ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, теъдоди кормандони пулис дар шимоли кишварро афзоиш диҳад. Ин кормандони иловагӣ ба манотиқи шимолии ин кишвар аз ҳисоби неруҳои марказӣ фиристода хоҳанд шуд, ки дар вилоятҳои Бадахшон, Қундуз ва Тахор амнияти сокинонро таъмин хоҳанд кард.

Вазъ дар шимоли Афғонистон охирҳои моҳи сентябр замоне шиддат ёфт, ки яке аз шаҳрҳои бузургтарини ин кишвар, шаҳри Қундуз, ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон аз ҷониби садҳо ҷангии Толибон ба осонӣ тасарруф шуд.  Шумори кормандони неруҳои ҳукуматии Афғонистон дар шаҳр ва вилояти Қундуз то ба 10 ҳазор расидааст. Вале бо вуҷуди ин онҳо натавонистанд, сади роҳи садҳо ҷангии Толибон шаванд.

Лентаи хабарҳо
0